Ссылки доступа

"UzAuto Motors" дар 9 моҳ ба буҷаи давлати Узбекистон беш аз $56 млн насупоридааст


Ширкати UzAuto Motors дар давоми 9 моҳи ахири соли равон ба буҷаи давлати Узбекистон 582,6 млрд сӯм (беш аз $56 млн) насупоридааст.

Дар ин бора дар лоиҳаи қонун "Дар бораи буҷаи давлатии Узбекистон барои соли 2021" ва хулосаи Палатаи ҳисоб дар бораи буҷаи давлатӣ дар соли 2021 гуфта шудааст.

Дар хулоса омадаааст, ки ширкати "Узавтосаноат" аз 1 октябри соли 2019 боҷ пардохт намекунад ва Палатаи ҳисоби Узбекистон ба ҳукумати ин кишвар тавсия додааст, ки имтиёзҳои истеҳсолгарони мошинро бозбинӣ кунад.

Кумитаи зиддиинҳисории Узбекистон ҳам моҳи июли соли равон UzAuto Motors-ро барои нақзи қонуни рақобат ба додгоҳ кашида буд.

Ба иттилои кумита, UzAuto Motors нархи мошинро бе асос аз 3 млн то ба 19 млн сӯм (аз $300 то $1900 ) боло бурдааст. Ширкати UzAuto Motors поин бурдани нархи мошинро рад ва аз болои Кумитаи зиддиинҳисорӣ ба додгоҳ шикоят кард. Додгоҳи Тошканд 30 октябр шикояти ширкатро қонеъ кард.

XS
SM
MD
LG