Ссылки доступа

Аблязов ба узвияти ҲУСД ва раъй додан ба номзадиаш даъват мекунад


Мухтор Аблязов, бонкдори пешин ва мухолифи фирории ҳукумати Қазоқистон аз ҷонибдоронаш хост, ки дар интихоботи порлумонии рӯзи 10 январ ба тарафдории Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократӣ (ҲУСД) овоз диҳанд.

Ба гуфтаи Аблязов, ҳарчанд ҲУСД - як ҳизби наздик ба ҳукумат аст ва танҳо дар арафаи интихоботҳо фаъол мешавад, раъй додан ба ҷонибдории ин ҳазб дар интихоботи пеши рӯ миқёси тақаллубро муайян хоҳад кард.

"Ҳадафи мо - болотарин талошро ба харҷ додан, ки "Нур Отан" (ҳизби ҳоким) камтар аз 50 дарсад раъй ба даст орад ва ин танҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки ҲУСД раъйи бештар ҳосил кунад", - гуфт Аблязов дар як муроҷиаташ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 17 ноябр.

"Мо мехоҳем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, нозирони байналхалқӣ интихоботро ғайриқонунӣ баҳо диҳанд", - гуфт Аблязов. Вай афзуд, ки агар тақаллубкориҳо ошкор шаванд, дар ниҳоят боис мегарданд, ки мардум ба шӯр омада, ба кӯчаҳо бароянд, мисле, ки моҳи гузашта дар Қирғизистон рух дод ва боиси истеъфои президенту ҳукумат гардид.

Ҳеч кадом аз интихоботҳои Қазоқистон аз сӯи нозирони байналхалқӣ озоду одилона эътироф нашудаанд.

Аблязови 57-сола асосгузори ҳаракати "Интихоби демократии Қазоқистон" аст, ки пайваста тарафдоронашро ба гирдиҳамоиҳо даъват мекунад.

Айни замон шаш ҳизби сиёсӣ дар Қазоқистон расман барои иштирок дар интихоботи моҳи январи соли 2021 сабт шудааст. Миёни ин ҳизбҳо ҲУСД низ ҳаст.

Тозабек Самбетбой, муовини раиси ҲУСД дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки аз даъват шаҳрвандони муқими кишварҳои хориҷи Қазоқистон истиқбол мекунад.

XS
SM
MD
LG