Ссылки доступа

Дар Қирғизистон мудири пешини Театри опера ва балетро боздошт карданд


Пулиси молии Қирғизистон хабар дод, ки О.Б., мудири пешини Театри академии опера ва балети кишварро ба далели сӯистифода аз мақоми хизматӣ боздошт кардааст.

Пулиси молӣ хабар дод, ки мудири пешин шартномаеро имзо кардааст, ки дар натиҷа буҷаи Қирғизистон дар ҳаҷми бештар аз 1 млн сом (муодили тақрибан 150 ҳазор сомонӣ) зиён дидааст.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ӯро имрӯз ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Тафтишот аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.

XS
SM
MD
LG