Ссылки доступа

Узбекистон ду маркази табобати мубталоёни коронавирусро баст


Марказҳои махсуси табобати беморони мубтало ба коронавирус ё COVID-19 дар ноҳияҳои Каттақурғон ва Ургути вилояти Самарқанди Узбекистон баста шуданд.

Маркази табобатии Каттақурғон барои 200 бемор ва маркази Ургут барои 500 бемор дар як вақт пешбинӣ шуда буданд.

"Дар ҳоли ҳозир шумори ҳолатҳои мубталошавӣ ба коронавирус ва муроҷиати шаҳрвандон бо нишонаҳои ин беморӣ ба табобатгоҳҳо коҳиш ёфтааст. Бинобар ин, марказҳои табобати мубталошавӣ ба коронавирус дар Каттақурғон ва Ургут баста шуданд", - омадааст дар иттилоияи ҳукумати вилояти Самарқанд.

Бино ба хабари расонаҳо, шумори мубталоёни коронавирус дар маркази Самарқанд низ кам шуда, ҳоло дар он 200 бемор табобат мегиранд.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев чанд рӯз пеш гуфта буд, ки теъдоди мубталоёни коронавирус дар ин кишвар коҳиш ёфта, тақрибан 62 дарсади ҷойҳои омодашуда барои ин навъи беморон холӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG