Ссылки доступа

17 ҳизби мухолифи Арманистон ба мақоми сарвазирӣ номзади ягона пешниҳод карданд


Вазген Манукян
Вазген Манукян

17 ҳизби мухолифи Арманистон номзадии Вазген Манукяни 74-сола, раиси ҳукумати ин кишвар дар солҳои 1990-1991-ро ба мақоми сарвазирӣ пешниҳод карданд.

Бино ба иттилои бахши армании Радиои Озодӣ, Манукян ваъда додааст, ҳангоми сарвазирии худ фаъолияти ҳизбияшро қатъ ва интихоботи наве баргузор мекунад, ки дар он худаш иштирок нахоҳад кард.

Мухолифони Арманистон аз ибтидои моҳи ноябри соли равон бо талаби истеъфои сарвазир Никол Пашинян ҳамоишҳои эътирозӣ баргузор мекунанд. Ӯро дар хатми нокоми низои Қарабоғи Куҳӣ айбдор менамоянд, ки бо додани чандин ноҳия ба Озарбойҷон анҷомид. Худи Пашинян аз мақоми сарвазирии Арманистон истеъфо доданӣ нест.

Ҳизбҳои мухолифи Арманистон рӯзи панҷшанбе аз таъсиси Ҳаракати наҷоти Ватан хабар доданд. Ҳадафи он ташкили ҳукумати нав ва баргузор кардани интихоботи нав аст.

XS
SM
MD
LG