Ссылки доступа

Озарбойҷон талафоти низомиро дар Қарабоғ эълом кард: қариб се ҳазор сарбоз


Озарбойҷон бори аввал эълом кард, ки дар 1,5 моҳи низоъ дар Қарабоғи Куҳӣ чи теъдод талафоти ҷонӣ доштааст. Рӯзи панҷшанбе вазорати мудофиаи он кишвар гуфт, дар он низоъ 2783 сарбоз кушта ва 1245 низомии дигар маҷруҳ шудааст.

Бештар аз 100 сарбоз нопадидшуда эълом гардидаанд. "Заминҳои мо, ки мо қариб 30 сол дар орзуи онҳо будем, бо қимати хуну ҷон озод шуданд", - омадааст дар хабари вазорати мудофиаи Озарбойҷон.

Пештар аз ин ҳукумати Арманистон хабар дода буд, ки дар низои Қарабоғи Куҳӣ дар маҷмуъ 2660 низомиаш кушта шудааст. Озарбойҷон мегӯяд, ҷониби Арманистон талафоташро кам нишон медиҳад.

Теъдоди дақиқи талафоти техникӣ аз ҳар ду ҷониб то ҳол муайян нест. Озарбойҷон гуфта буд, ки Арманистон дар ин низоъ 305 тонк, 79 зиреҳпӯш, 251 тӯп ва 6 маҷмаи мушакии С-300 аз даст додааст. Арманистон расман ин талафотро эътироф накардааст.

Низоъ дар Қарабоғи Куҳӣ аз охири солҳои 80-уми асри гузашта идома дорад. Мақомоти вилояти мухтори Қарабоғи Куҳӣ, ки бештари аҳолиаш арманитабор ҳастанд, талаб доштанд, ки вилоят аз ҳайати Озарбойҷони шӯравӣ ба Арманистон гузаронида шавад. Баъди фурӯпошии шӯравӣ дар минтақа низои мусаллаҳона сар зад. Дар натиҷа Боку назоратро дар чандин қисмҳои вилояти мухтор аз даст дод. Истиқлоли ҷумҳурии Қарабоғи Куҳиро ҳеч кадом кишвари дунё эътироф накард.

Низоъ байни Озарбойҷон ва Арманистон дар Қарабоғи Куҳӣ якбора рӯзи 27 сентябри соли ҷорӣ шиддат гирифт. Артиши Озарбойҷон чанд ноҳияи Қарабоғи Куҳиро соҳиб шуд.

Рӯзи 9 ноябр президентҳои Русия, Арманистон ва Озарбойҷон созишномаи муштарак дар бораи қатъи низоъ дар Қарабоғи Куҳиро имзо карданд.

XS
SM
MD
LG