Ссылки доступа

Дар Андиҷони Узбекистон парвандаи ҷиноӣ нисбати блогнавис Отабек Нуритдинов қатъ шуд


Мақомоти пулиси вилояти Андиҷони Узбекистон парвандаи ҷиноӣ нисбати блогнавис Отабек Нуритдиновро қатъ карданд.

Дар ин бора Ҳаёт Шамсутдинов, як масъули додситонии кулли Узбекистон хабар дод.

Ба иттилои мақомот, Отабек Нуритдинов рӯзи 20 октябри соли ҷорӣ дар саҳифаи Фейсбук мудири мактаби 25 шаҳри Андиҷон Гулчеҳра Мирзоеваро таҳқир кардааст. Нисбати Нуритдинов бо моддаи "Таҳқир" парванда боз карданд.

Намояндаи додситонии кулли Узбекистон гуфт, ки талаботи қонун ҳангоми боз кардани парванда нисбати блогнавис риоя нашуда ва ба ин тартиб парванда қатъ гардид.

Ин бори аввал нест, ки мақомоти Узбекистон блогнавис Нуритдиновро ба ҷавобгарӣ ҷалб мекунанд. Моҳи декабри соли гузашта ӯро бар асоси шикояти мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Андиҷон 15 рӯз ҳабси маъмурӣ карданд.

Мақомот ӯро дар таҳқир, туҳмат ва майдаавбошӣ муттаҳам карда буданд.

Нуритдинов дар навиштаҳояш аз афъолиятҳои фасодкоронаи мақомоти шаҳри Асакаи вилояти Андиҷон, ғорат ва исрофи маблағҳои буҷа хабар дода буд.

XS
SM
MD
LG