Ссылки доступа

Дар Боку ба ифтихори хатми ҷанги Қарабоғ гузашти низомӣ ташкил шуд


Дар майдони Озодии шаҳри Бокуи Озарбойҷон рӯзи панҷшанбе, ба ифтихори хатми ҷанг дар Қарабоғи Куҳӣ, гузашти низомӣ ташкил шуд. Дар ин чорабинӣ президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон ширкат карданд.

Дар гузашт бештар аз се ҳазор низомӣ аз ду кишвар ва ҳамчунин 150 адад техникаи низомӣ ширкат кард.

Пештар аз ин Алиев ҷашни нави давлатӣ - Рӯзи Пирӯзиро эълом карда буд, ки ҳамасола 8 декабр таҷлил хоҳад шуд. Созишномаи хатми ҷанг 10 ноябр имзо шуд.

Дар Арманистон рӯзи панҷшанбе бо талаби истеъфои сарвазир Никол Пашинян мардум ба кӯчаҳо баромаданд. Дар шаҳри Еревани Арманистон гирдиҳамоии сокинон ба занозанӣ бо пулис печид.

Озарбойҷон гуфт, ки дар ҷанги 1,5 моҳаи Қарабоғи Куҳӣ 2783 сарбоз кушта ва 1245 низомии дигар маҷруҳ шудааст. Зиёда аз 100 низомӣ бе нишон аст.

Низоъ дар Қарабоғи Куҳӣ аз охири солҳои 80-уми асри гузашта идома дорад. Мақомоти вилояти мухтори Қарабоғи Куҳӣ, ки бештари аҳолиаш арманитабор ҳастанд, талаб доштанд, ки вилоят аз ҳайати Озарбойҷони шӯравӣ ба Арманистон гузаронида шавад. Баъди фурӯпошии шӯравӣ дар минтақа низои мусаллаҳона сар зад. Дар натиҷа Боку назоратро дар чандин қисмҳои вилояти мухтор аз даст дод. Истиқлоли ҷумҳурии Қарабоғи Куҳиро ҳеч кадом кишвари дунё эътироф накард.

Низоъ байни Озарбойҷон ва Арманистон дар Қарабоғи Куҳӣ якбора рӯзи 27 сентябри соли ҷорӣ шиддат гирифт. Артиши Озарбойҷон чанд ноҳияи Қарабоғи Куҳиро соҳиб шуд.

Рӯзи 9 ноябр президентҳои Русия, Арманистон ва Озарбойҷон созишномаи муштарак дар бораи қатъи низоъ дар Қарабоғи Куҳиро имзо карданд.

XS
SM
MD
LG