Раиси созмони "Qaharman", ҳомии ҳуқуқ Дана Жанай, гуфт, табибони "ёрии таъҷилӣ" ва нозири минтақавӣ 21 декабр Суйеубоевро аз манзили зисташ ба беморхона бурдаанд.
Муовини сардухтури беморхонаи мазкур Есенаман Нисанов тасдиқ кард, ки табибони "ёрии таъҷилӣ" ва кормандони пулис Суйеубоевро ба беморхона бурдаанд.
"Дар рафтораш тағйирот дида мешавад. Вале худи ӯ инро эътироф намекунад. Ба кӯча баромада, кореро, ки хост, анҷом додааст. Лавҳаҳои пешазинтихоботиро кандааст. Суйеубоев амалеро анҷом додааст, ки тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунад", - афзуд ӯ.
Пулиси Оқтеппа боздошт ва интиқоли Суйеубоевро ба беморхонаи касалиҳои руҳӣ то ҳол шарҳ намедиҳад.
Дар саҳифаи Суйеубоев дар Фейсбук ду рӯз пеш видеое нашр шуд, ки нишон медиҳад фаъоли мадании қазоқ чи гуна лавҳаи таблиғотии "Нур Отан"-ро дар нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ меканад.