Ссылки доступа

Дар артиши Қазоқистон 2200 кас ба коронавирус мубтало шудааст


Вазири дифои Қазоқистон Нурлан Ермекбоев 22 декабр дар як нишасти хабарӣ гуфт, аз аввали пандемияи коронавирус дар артиши ин кишвар 2200 нафар ба вируси нав мубтало шудааст.

"Шумори умумии мубталоён дар артиш ба 2200 мерасад. Мубталоён асосан онҳое ҳастанд, ки аз шаҳру ноҳияҳо ҷалб мешаванд. Гирифтории онҳо ба вирус дар рӯзҳои аввали хидмати ҳарбӣ ошкор шуд, вале ҳамаашон нишонаҳои бемориро надоштанд. Танҳо 20 дарсад нишонаҳои бемориро доштанд", - гуфт вазири қазоқ.

Дар артиши Қазоқистон аз аввали пандемия даҳ кас бар асари коронавирус ҷон бохтааст.

Теъдоди умумии мубталоёни коронавирус дар Қазоқистон то субҳи 22 декабр ба 147 975 расидааст. Аз ин миён 2200 бар асари коронавирус ҷон бохта, танҳо дар як шабонарӯзи ахир шаш ҳолати фавт сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG