Ссылки доступа

Модари тоҷик озори ҷинсии писарашро ошкор кард. Шавҳар ӯро талоқ дод


Мать 12-летнего мальчика рассказывает о случившемся корреспонденту Радио Озоди

Сару садо атрофи озори ҷинсии як писари 12-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ ба пошхурии хонаводаи онҳо анҷом ёфт.

Дар пайи ҳодисаи бадрафтории ҷавони 18-сола бо ин писари ноболиғ ва шикояти модари ӯ ба мақомот, падари хонавода модарашро талоқ додааст.

Ба думболи шикояти модар, Додгоҳи Рӯдакӣ охирҳои ноябр ҷавони 18-соларо барои анҷоми ҳаракатҳои бадахлоқонааш ба 160 соат корҳои ислоҳӣ маҳкум намудааст. Ҳукм бар асоси моддаи 142-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “ҳаракати бадахлоқона нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсола нарасида ё хеши наздик" содир шудааст.

Иттилои марбут ба ҳувияти шахси маҳкумшуда ва ҷабрдида дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст, вале бо далелҳои ахлоқӣ-ҳуқуқӣ нашр намешавад.

Аз ҳукми 160 соат корҳои ислоҳӣ модари ноболиғ норозӣ, вале тарафи маҳкумшуда розӣ мебошад. Адвокат ва модари ҷабрдида бар ин назаранд, ки чун ноболиғ бо истифода аз ҳолати оҷизиву зӯроварӣ таҷовуз шудааст, маҳкумшуда на ба корҳои ислоҳӣ, балки мебоист равонаи зиндон мешуд. Адвокати ҷабрдида афзуд, ҳукми ҷавон бар асоси моддаи 139, қисми 4, ки аз ҷумла ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонидоштаву баччабозиро пешбинӣ мекунад, бояд содир шавад. Ӯ мегӯяд, барои чунин иддаоаш далелҳои кофӣ дорад.

Аммо падари ҷавоне, ки дар ин ҳодиса муттаҳам шудааст, мегӯяд, аз рафтори писараш ӯ низ нороҳат аст, вале писараш он тавре ки ҷониби ҷабрдида мегӯянд, чунин амалро накардааст.

"Ҳар гуноҳ саволу ҷавоб дорад, фарзанди ман он амалро накарда бошад, чӣ гуна ба гарданаш гуноҳро бор мекунанд, хай ҳамин хел як беадабӣ кардаанд, лекин ташхисҳо нишон дод, ки нарасидааст, ман ҳам пушаймонам, ки аз серкорӣ, аз сабаби кору зиндагӣ ба фарзандам нарасидам, субҳ то шом дар сохтмон кор мекунам, дар насибашон ҳамин хел будааст",--гуфт падари ин ҷавон.

Ҳамсӯҳбати мо таъкид намуд, ки ҷониби ҷабрдида мехоҳанд масъаларо аз будаш зиёд нишон диҳанду писарашро зиндонӣ кунанд. Аммо модари навраси 12-сола рӯзи 17-уми декабр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, моҳҳои май-июли имсол ҷавони маҳкумшуда дар се ҳолат бо истифода аз ҳолати оҷизӣ ва зуриву тарсондан, ба писараш дастдарозӣ намудааст.

Ӯ гуфт: "Як бегоҳӣ ҳоҷатхона даромада дигар ба зудӣ намебарояд, аз пушти дар гуфтам, бачаҷон баро охир мо ҳам таҳорат кунем, мегӯяд, оча маро қафоям дард мекунад. Пурсидам, ки шикамдард шудаӣ, не мегӯяд. Қоил нашуд чизеро, чун тарсаш додааст. Баъдан баромад, дидам, ки гиря дорад, оббозӣ даровардамаш, баъдтар наздам омаду гуфт, оча як чиз гӯям намезаним, ҷангам намекунӣ, гуфтам не, нақл кард, ки ҳамон писар дар ҳоҷҷатхонаи худамон ва такроран дар манзили бобоям маҷбуран шимамро поён карда, дар қафоям талаби шаҳвонияшро қонеъ кардааст, дар ҳолати дигар олоти мардонагияшро андохта, аз дард дод задам...".

Пас аз шунидани дарди писар, ин зан ҳолатро ба шавҳараш, ки дар сохтмоне кор мекунад, нақл кардааст. Ҳамсӯҳбати мо таъкид намуд, ки шавҳараш ба ӯ ҳушдор медиҳад, ки "овозаву милисабозӣ лозим нест, хонаводаҳо хешутаборем, хешутаборӣ вайрон мешавад, агар ба пулис шикоят кунӣ, талоқат медиҳам".

Баъди ба пулис шикоят кардан ва бозгашт ба манзил, ба қавли ӯ, шавҳараш ҷавобашро медиҳад. Онҳо 13 сол ҳамроҳ зиндагӣ дошта, соҳиби ду писар ва як духтар шудаанд. Ӯ мегӯяд, "зиёд аз ояндаи писарам нигарон будам, тарс доштам, ки боз нисбати фарзандам амалҳои бадахлоқӣ такрор меёбад".

Ин зан дар ҷое кор намекунад. Пас аз ҷудо шудан аз шавҳар ҳоло бо се фарзандаш ҳамроҳи модараш зиндагӣ мекунад, ки ба қавли вай , вазъи зиндагияшон сангин аст. Мегӯяд, аз шикоят бурдан ба мақомот пушаймон нест ва додхоҳиро идома медиҳад.

Адвокати ҷабрдида иброз намуд, ки раванди тафтишоти зерҳимояаш ноодилона сурат гирифта, шаффофияти ташхисҳои суди-тиббӣ низ зери савол аст. Ӯ аз болои ҳукми додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ шикояти кассатсионӣ бурданист.

Рӯзи 18-уми декабр дар Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ҳозир нашуданд қазияро шарҳ диҳанд. Дар ин ниҳод гуфтанд, додраси парванда дар семинар ва ё давраи омӯзишие ширкат дорад.

Қадриддин Шамсиддинзода, муфаттиши парванда, рӯзи 18-уми декабр аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ намуд. Ӯ пас аз он ки сухан дар бораи қазия оғоз шуд, гӯширо қатъ намуда, бо тамосҳои батакрори мо посух надод.

Як нигаронии ҷониби ҷабрдида ин аст, ки ҳангоми мурофиаҳои додгоҳӣ ноболиғ ба равоншиносон дастрасӣ надошта, вазъи рӯҳиву равонии ӯ чандон хуб нест. Модараш гуфт, дар додгоҳ писарашро ба маҳкумшуда рӯ ба рӯ намуда, мавриди пурсиш қарор додаанд, ки аз тарс ҳарфашро дуруст гуфта натавонистааст. Ба қавли ӯ, танҳо як маротиба, дар поёни мурофиа омӯзгори мактаберо ба ҳайси равоншинос даъват кардаанд.

Маҳмудшоҳ Кабиров, равоншиноси тоҷик мегӯяд, дар ҳолатҳои монанд ба ин қазия на танҳо ноболиғон, балки волидони онҳо низ бояд ба маслиҳатҳои равонӣ фаро гирифта шаванд. Ӯ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо додгоҳӣ шудани қазияи ноболиғон, агар хонаводаҳо аз рӯзҳои нахуст ба равоншиносон дастрасӣ дошта бошанд, машварат ба онҳо боиси пешигӣ аз сар задани ҳар гуна омилҳои дигари манфӣ хоҳад шуд.

Бархе аз ҳомиёни ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон бар ин назаранд, ки нақзи ҳуқуқи наврасон ҳангоми мурофеаҳои додгоҳӣ, ба ояндаи онҳо метавонад зарба занад.

Гулчеҳра Раҳмонова, мудири Бунёди "Ташаббуси ҳуқуқӣ", ки дар самти ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон кор мебаранд, мегӯяд, тибқи меъёрҳои байналмилалӣ пурсиши ноболиғ дар додгоҳ бояд дар утоқҳои алоҳида, бо ширкати равоншиносон сурат гирад.

Моҳҳои ахир чанд ҳодисаи таҷовуз ба номус ва амалҳои шаҳвонӣ нисбат ба хурдсолон дар Тоҷикистон расонаӣ шуд. Бархе аз ҷомеашиносон ва ҳуқуқшиносон гуфтанд, ҳанӯз ҳеҷ таҳқиқоти ҷиддие сурат нагирифтааст, ки заминаҳои ҷиноятҳои озори ҷинсӣ миёни ноболиғонро дақиқ кунад, ки чунин зуҳурот аз куҷо сарчашма мегирад.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар охири моҳи июл гуфт, дар шаш моҳи аввали имсол 16 ҷинояти таҷовуз ба номусро сабт кардаанд. Бо таваҷҷӯҳ ба он ки бо анҷоми озори ҷинсӣ нисбати ноболиғ, на ҳама хонаводаҳо зуд ба мақомот шикояят мебаранд ё гоҳе худдорӣ мекунанд, огоҳон бар ин назаранд, ки омори ҷиноятҳои озори ҷинсӣ метавонад аз омори расмӣ бештар бошад.

Тибқи иттилои мудири Бунёди "Ташаббуси ҳуқуқӣ", дар соли 2020 танҳо ба созмони онҳо 12 парвандаи ҷиноятии марбут ба таҷовузу дигар ҳаркатҳои бадахлоқона нисбати ноболиғон, дастрас шудааст.

XS
SM
MD
LG