Ссылки доступа

Баҳс дар яке аз масҷидҳои Узбекистон бо куштор анҷомид


Дар ноҳияи Шерободи вилояти Сурхандарёи Узбекистон марди мусаллаҳ бо корд ба котиби масҷид ҳамла кардааст.

Ин хабар нахуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, дертар онро сардори шуъбаи робита бо ҷомеа ва иттилои ҳуқуқии Додситонии кулли Узбекистон Ҳаёт Шамсуддинов тасдиқ кард.

Ба гуфтаи Шамсуддинов, сокини 46-солаи маҳаллӣ М. Ш. 22 декабр бо котиби яке аз масҷидҳои Шеробод Ш. Г. муноқиша карда, ӯро бо корде, ки ҳамроҳаш буд, чанд бор задааст.

Ҷабрдида бар асари бардоштани захми зиёд дар роҳ ба беморхона ҷон додааст.

Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Куштори барқасдона" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳамлагар дастгир гаштааст.

XS
SM
MD
LG