Ссылки доступа

ВУХ Қазоқистон ба суханҳои вакили рус баъди 13 рӯз вокуниш кард


Вазири умури хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ 23 декабр дар посух ба суоли вакили порлумон гуфт, суханҳои вакилони Думаи давлатӣ Евгений Фёдоров ва Вячеслав Никонов дар бораи қаламрави кишвараш мавқеи расмии Москва нестанд.

"Дар мавриди суханҳои Фёдоров, ки дишаб низ такрор шуданд, ман ҳамчун қазоқ ва шаҳрванди Қазоқистон гуфтанӣ ҳастам, ки шаъну шарафи маро поймол кард. Бо доштани маълумоти олӣ ва огаҳӣ аз гузаштаи ватани худ ба он суханҳо бо забони русӣ чунин посух мегӯям, "ин як музахрафот аст". Ҳангоми матраҳ шудани ингуна масоил бояд пеш аз ҳама ба сухани таърихнигорону донишмандон такя кард", - изҳор дошт вазири умури хориҷии Қазоқистон дар посух ба суоли вакили порлумон.

Ба гуфтаи вазир, баъди суханронии Никонов иҷрокунандаи муваққатии вазифаҳои сафири Русия дар Нурсултон Александр Комаров ба Вазорати умури хориҷии Қазоқистон даъват шудааст. Мақомоти қазоқ дар нотаи эътирозии худ ба ҷониби Русиягуфтаанд, афзоиши ҳамлаҳои ҳангомабарангези сиёсатмадорони рус ба Қазоқистон муносибатҳои ҳампаймонии ду кишварро хатчадор мекунад.

"Бар асоси таҷриба онҳо расман ба мо посух намедиҳанд. Вале хабар доданд, ки чора андешидаанд. Онҳо бо порлумон ва маъмурияти президенти Русия тамос гирифта гуфтаанд, ки ин гуна суханҳо набояд нашр шаванд. Ҳамчун вазири умури хориҷии Қазоқистон ба сароҳат мегӯям, ки он суханҳо мавқеи расмии Русия нестанд", - афзуд Тлеубердӣ.

Никонов дар суҳбат бо Шабакаи аввали Русия гуфт, "қаламрави Қазоқистон туҳфаи бузургест, ки аз ҷониби Москва дода шудааст".

XS
SM
MD
LG