Ссылки доступа

Ёвари боздоштшудаи Ислом Каримов ҳаммолики ширкати Murad Buildings будааст


Дар натиҷаи як таҳқиқоти бахши узбекии Радиои Озодӣ маълум шуд, ки мансабдори 52-солаи пешини Узбекистон Улуғбек Мирзомуҳаммадов шарики Мурод Назаров, бунёдгузори ширкати сохтмонии Murad Buildings ва сармоягузори маъруф дар он кишвар будааст.

Пештар расонаи uyat.uz дар бораи боздошти Улуғбек Мирзомуҳаммадов ва бозҷӯӣ шудани манзили зисти ӯ хабар дода буд.

Дар Додситонии кулли Узбекистон ҳозир нашуданд, боздошт ва парвандаи марбут ба Мирзомуҳаммадовро шарҳ диҳанд. Ҳамсуҳбати мо дар он ниҳод танҳо гуфт, ки Мирзомуҳаммадов дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон бозпурсӣ мешавад.

Сомонаи Eltuz.com навишт, ки миёни Мирзомуҳаммадов​ ва нафаре бо номи Фаррух Мирзоев, ки дар олами ҷиноӣ бо номи "Дандонпизишк" маъруф аст, баҳси молӣ сар задааст ва дар натиҷа "Мирзоеви қарздор" тасмим гирифтааст, Улуғбек Мирзомуҳаммадов, ёвари пешини президенти нахустини Узбекистон Ислом Каримовро зиндонӣ кунад.

Як мансабдори узбек, ки Улуғбек Мирзомуҳаммадовро шахсан мешинохт, гуфт, ӯ дар давраи ёвари Ислом Каримов буданаш "аз ҳад зиёд баднафс" буда, соату мошинҳои гаронбаҳоро ҳамчун пора қабул мекард".

Ба навиштаи uyat.uz, ҳангоми бозҷӯӣ аз манзили зисти Мирзомуҳаммадов​ ашёи зиёди гаронбаҳо, аз ҷумла асъори хориҷӣ, соату мошинҳои гаронбаҳо аз қабили ​Бентлӣ, Мерседес ва Рэнҷ Ровер мусодира шудааст. Ҳамчунин бар асоси асноде, ки дастраси бахши узбекии Радиои Озодӣ шуд, 50 дарсади саҳмияҳои ширкати сохтмонии Murad Buildings ба Мирзомуҳаммадов​ таалуқ дорад.

Мирзомуҳаммадов соли 1968 дар вилояти Қашқадарё таваллуд шуда, дар Вазорати умури хориҷӣ, Дастгоҳи президенти Узбекистон кор кардааст. Охирин мансаби ӯ ёварии президенти Узбекистон буд. Баъди сари қудрат омадани президенти кунунӣ Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 ӯ аз мақоми ёварӣ барканор карда шуд.
XS
SM
MD
LG