Ссылки доступа

Сафири Русия гуфт, кай дар Узбекистон ба забони русӣ мақоми расмӣ медиҳанд


Владимир Тюрденев

Сафири Русия дар Тошканд Владимир Тюрденев 22 декабр дар як нишасти хабарӣ гуфт, барои он ки забони русӣ дар Узбекистон мақоми забони муоширати байни миллатҳоро касб кунад, ҷомеа бояд ба камол бирасад.

"Дар ин мавзуъ чизе гуфтан мушкил аст. Зеро ин гуна масоил набояд боиси ба миён омадани хати ҷудоӣ дар ҷомеа бишавад. Медонед, шояд ҷомеа бояд ба камол расад. Бахусус, дар вазъи кунунӣ", - иқтибос меоранд расонаҳои маҳаллӣ аз суханони сафири Русия

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки таваҷҷуҳи сокинони Узбекистон ба омӯзиши забони русӣ афзоиш меёбад. Бинобар ин ба гуфтаи Тюрденев, роҳандозии лоиҳаи омӯзишии "Класс", ки ба баланд бардоштани сифати омӯзиши забони русӣ дар Узбекистон равона шудааст, саривақтӣ буд.

Ин лоиҳа бо сармоягузории миллиардери узбектабор Алишемр Усмонов дар якҷоягӣ бо вазоратҳои маорифи Узбекистону Русия иҷро мешавад.

Масъалаи додани мақоми забони муоширати байни миллатҳо ба забони русӣ дар Узбекистон аз замони ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар он кишвар матраҳ мешавад. Аз ҷумла, соли 2019 дар арафаи сафари вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ба Тошканд як гуруҳи зиёиёни рус пешниҳод карда буданд, ки ба забони русӣ дар Узбекистон мақоми расмӣ дода шавад.

XS
SM
MD
LG