Ссылки доступа

Дар Малайзия намуди нави COVID-19-ро ошкор карданд


Вазири тандурустии Малайзия Нур Ҳишом Абдулло рӯзи чоршанбе хабар дод, ки табибони кишвараш намуди нави коронавирус ё COVID-19-ро ошкор кардаанд. Дар ин бора нашрияи New Straits Times хабар додааст.

Навъи нави коронавирус, ки A701V номгузорӣ шудааст, дар натиҷаи як пажӯҳиш дар иёлати Сабоҳ ошкор гаштааст. Дар ҳоли ҳозир мутахассисони Малайзия таъсири намуди нави вирусро меомӯзанд.

Ин хабар баъди ошкор шудани навъи нави коронавирус дар Бритониё расонаӣ шуд. Намуде, ки дар Бритониё ошкор шудааст, суръати паҳншавиаш назар ба вируси феълӣ тезтар аст.

Вазири беҳдошти ин кишвар, шакли нави коронавирусро аз лиҳози суръати паҳншавӣ "идоранашаванда" хонд.

Мақомоти Бритониё гуфтанд, Созмони ҷаҳонии беҳдоштро дар ҷараёни вазъияти феълӣ қарор додаанд. Ҳанӯз маълум нест, ки ваксинаи Pfizer-BioNTech то куҷо ба шакли нави коронавирус таъсир мерасонад.

XS
SM
MD
LG