Ссылки доступа

Узбекистон дар Қирғизистон беморхонаи сироятӣ бунёд кард


Беморхонаи сироятие, ки дар вилояти Бодканди Қирғизистон бо сармоягузории Узбекистон бунёд мешуд, мавриди истифода қарор гирифт.

Дар Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфтанд, ки беморхонаи мазкур пурра бо пули Узбекистон бунёд ва муҷаҳҳаз шудааст.

Дар маросими ифтитоҳи беморхона вазири тандурустии Қирғизистон Алимкадир Бейшеналиев ва ҳайати Узбекистон ба раҳбарии муовини аввали вазири тандурустии ин кишвар Амрулло Иноятов иштирок карданд.

Беморхона аз ду қисм иборат буда, барои 214 кати хоб пешбинӣ шудааст.

Узбекистон пештар гуфта буд, ки дар бунёди ду беморхона дар шаҳрҳои Бишкек ва Қадамҷойи Қирғизистон кумак мекунад.

XS
SM
MD
LG