Ссылки доступа

Ҳукми зиндони корманди пешини амнияти Қазоқистон барои латтукӯби ҳамҷинсгаро бетағйир монд


Додгоҳи баррасии шикоятҳои вилояти Алматои Қазоқистон ҳукми корманди пешини Кумитаи амнияти миллии ин кишвар С. А.-ро, ки бо ҷурми хушунати ҷинсӣ ва латту куби як ҳамҷинсгаро 5 солу 6 моҳ зиндонӣ шудааст, бетағйир гузошт.

Ҳамчунин дархости ҷабрдида Виктория Беркхоҷаева ва вакили дифои ӯ Айман Умарова, ки аз додгоҳ хоста буданд, ҷазои афсари пешин сангинтар карда шавад, рад шудааст.

Додгоҳи вилояти Алмато 6 октябри соли равон С.А.ро бар асоси бандҳои "хушунати ҷинсӣ" ва "шиканҷа" айбдор эълом ва 5 солу 6 моҳ зиндонӣ карда буд. Айбдоршуда ҳамчунин аз ҳаққи ишғоли вазифаи давлатӣ ва рутбаи майор маҳрум карда шуд.

Вале ҷабрдида ва вакили дифоаш гуфтанд, аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва аз болояш шикоят мебаранд. Онҳо ҳукмро "сабук" номиданд.

Айбдоркунандаи давлатӣ барои корманди пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон 10 соли зиндон ва комилан маҳрум сохтан аз ишғоли мансабҳои давлатиро талаб карда буд.

Худи С.А​ дар додгоҳ айбҳои эъломшударо рад кард.

Парвандаи ҷиноӣ барои хушунат ва латту куби Виктория Беркхоҷаева тобистони соли 2019 боз ва моҳи октябри ҳамон сол корманди пешини мақомоти амният боздошт шуда буд.

XS
SM
MD
LG