Ссылки доступа

Нахустин вохӯрии бонувони раҳбари Осиёи Марказӣ онлайнӣ баргузор шуд


В 2021 году председатель верхней палаты узбекского парламента Танзила Норбаева возглавит диалог женщин-лидеров Центральной Азии.
В 2021 году председатель верхней палаты узбекского парламента Танзила Норбаева возглавит диалог женщин-лидеров Центральной Азии.

Нахустин вохӯрӣ барои ташкили Муколамаи бонувони раҳбари кишварҳои Осиёи Марказӣ 23 декабр дар шакли онлайнӣ баргузор шуд.

Ба огаҳии хадамоти иттилооти Сенати Маҷлиси олии Узбекистон, дар чорабинӣ намояндагони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, раҳбари маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирона дар Осиёи Марказӣ Наталя Герман ва сардори дафтари минтақавии Барномаҳои рушди СММ оид ба кишварҳои Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Миряна Сполярич Эггер иштирок карданд.

Дар вохӯрӣ нақши бонувон дар тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар Осиёи Марказӣ, иштироки онҳо дар умури иҷтимоиву давлатӣ, мусоидат дар иҷрои ислоҳотҳо, аз ҷумла дар таъмини баробарии гендерӣ, ҳимояти ҳуқуқу манфиатҳои бонувон баррасӣ шудааст.

Наталья Герман гуфтааст, маркази онҳо омодааст, барои баррасии ҳамкориҳои минбаъда, аз ҷумла тавсеаи дастрасӣ ба шарикии минтақавию ҷаҳонӣ ва табодули таҷриба шароитро фароҳам орад.

Бо пешниҳоди Герман раҳбарии Муколамаи занони раҳбари кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2021 бар зиммаи раиси Сенати Маҷлиси олии Узбекистон Танзила Норбоева гузошта шудааст.

Ҳамчунин ҷонибҳо ҳамкориҳои эҳтимолӣ дар баъзе аз бахшҳо, самтҳои афзалиятноки фаъолияти созмон дар соли аввалро ба баҳс кашида шудааст.

XS
SM
MD
LG