Ссылки доступа

Президент Трамп Роҷер Стоун ва Пол Манафортро афв кард


Пол Манафорт

Президенти ИМА Доналд Трамп дар арафаи соли нав 26 нафар, аз ҷумла ду касеро афв кард, ки дар доираи парвандаи дахолати Русия ба интихоботи президентии ин кишвар дар соли 2016 зиндонӣ шуда буданд.

Ин ду нафар Пол Манафорт, раҳбари пешини ситоди интихоботии Трамп ва Роҷер Стоун, мушовири пешини президент Доналд Трамп мебошанд, ки гумонбарони асосии тафтишоти дахолати Русия буданд.

Пол Манафорт дар созиши зидди Амрико ва ҳимояти ғайриқонунии манфиатҳои президенти пешини Украина Виктор Янукович айбдор эълом ва ба муддати 3,5 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд. Ӯро ҳамчунин дар додани баёноти дуруғ ба додситони махсус Роберт Мюллер ва тарсондани шоҳидон дар доираи парвандаи дахолати Русия ба интихоботи президентии ИМА айбдор карданд.

Трамп ҳамчунин Роҷер Стоун, мушовири пешини худро низ афв кард. Стоун дар додани баёноти дурӯғ ба Конгресс, монеи адолат шудан ва фишор овардан ба шоҳидон айбдор эълом ва 3 солу 4 моҳ аз озодӣ маҳрум шуда буд. Айбҳои зидди Стоун ба тафтишоти додситони махсуси Амрико Роберт Мюллер дар бораи эҳтимоли дахолати Русия ба интихоботи он кишвар рабт доштанд.

Стоун дар ҷаласаи Палатаи намояндагони ИМА дар бораи иртиботи худ бо сомонаи WikiLeaks, ки компютерҳои Ҳизби демократро рахна ва санадҳоеро нашр карда буд, баёноти дурӯғ додааст. Тавре муайян шуд, Стоун медонистааст, ки WikiLeaks санадҳои дуздидашуда аз компютерҳои Ҳизби демократро дар ихтиёр дорад.

Президенти ИМА пештар низ чандин маҳкумшудаи дигарро дар доираи парвандаи дахолати Русия афв карда буд. Яке аз онҳо Майкл Флинн аст, ки барои додани баёноти дуруғ дар бораи гуфтугӯҳояш бо сафири Русия дар Вашингтон зиндонӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG