Ссылки доступа

Дар Узбекистон духтари 16-солае, ки худро аз мошини одамрабоён партофта буд, ҷон бохт


Иллюстративное фото

Духтари 16-солае, ки дар ноҳияи Норини вилояти Намангони Узбекистон ҳангоми одамрабоӣ худро аз дохили мошини равон ба берун партофта буд, ҷон бохтааст.

Ин ҳодиса 20 декабр рух дода буд. Ду ҷавони 18-20-сола духтарро иҷборан ба мошин савор карда, талош карданд, ӯро рабоянд. Вале духтар баъди ба ҳаракат даромадани мошин худро ба берун мепартояд, ки дар натиҷа захми зиёд бардошта буд.

Дар иттилоияи пулиси Намангон омадааст, ки нозири минтақавӣ ва раиси маҳалла дар бораи ҳодисаи мазкур хабар надоштанд.

Духтар зодаи ноҳияи Учқурғон буда, ҳамроҳи ду ҳамсоли худ дар Норин манзилеро ба иҷора гирифта буданд ва барои дохил шудан ба донишгоҳ омодагӣ медиданд.

Дар робита ба ин ҳодиса бо ду банд - "Дар хатар гузоштан" ва "Одамрабоӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар иттилоияи пулис сабаби рабудани духтар гуфта нашудааст, вале дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Шимолӣ таҷрибаи арӯсрабоӣ ҳанӯз ҳам мушоҳида мешавад.

XS
SM
MD
LG