Ссылки доступа

Гумонбарони мубтало ба коронавирусро аз боздоштгоҳи Бишкек ба беморхона бурданд


Вазорати тандурустии Қирғизистон фармон додааст, ба онҳое ёрии тиббӣ расонида шавад, ки дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Бишкек нигаҳдорӣ мешаванд. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии омбудсмен иттилоъ доданд.

Пештар Токон Мамитов дар ин замина ба Вазорати тандурустии Қирғизистон муроҷиат карда буд. Масъулони вазорат дар посух гуфтанд, ки барои бистарӣ кардани гирифторони эҳтимолӣ ба илтиҳоби шуш ё коронавирус фармонеро таҳия доранд ва онҳо аз боздоштгоҳ ба бемористони сироятиву бемористони миллӣ интиқол дода мешаванд.

Муовини вазири тандурустии Қирғизистон Мадамин Каратаев гуфт, фармон аллакай ба иҷро даромад ва шаҳрвандоне, ки дар боздоштгоҳи Бишкек нигаҳдорӣ мешуданд, ба беморхона интиқол дода шуданд.

Масъулони Маркази миллии ҳушдор аз шиканҷа охирҳои моҳи ноябри соли равон баъди боздид аз боздоштгоҳи муваққатии пулиси Бишкек гуфтанд, дар боздоштгоҳ дар ҷое, ки барои 63 нафар пешбинӣ шудааст, 100 кас нигаҳдорӣ мешавад ва гирифтории 32 боздоштшуда ба бемории илтиҳоби шуш тасдиқ шудааст.

XS
SM
MD
LG