Ссылки доступа

"Буҷавиҳо"-и Лебапи Туркманистон 3 моҳ аст, маош нагирифтаанд


Иллюстративное фото

Чандин корхонаи давлатии вилояти Лебапи Туркманистон ба иллати буҳрони моливу иқтисодӣ аллакай се моҳ мешавад, ки наметавонанд маоши кормандонашонро пардозанд.

Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ 22 декабр бо чанд тан аз кормандони корхонаҳои давлатии Лебап суҳбат кард. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, дар ҳоли ҳозир наздики 1500 корманди корхонаҳои давлатии Лебап чанд моҳ шудааст, маош нагирифтаанд.

Ба гуфтаи хабарнигор, инҳо ронандагони таксӣ, автобус ва мошинҳои боркаши корхонаи нақлиёти Лебап, бинокорони ширкатҳои "Lebapawtoýollary", "Türkmenpagta", кормандони корхонаҳои коркарди пахта ва гази вилоят мебошанд.

"Раҳбарони корхонаҳо мегӯянд, ба иллати буҳрони моливу иқтисодӣ феълан наметавонанд маоши кормандони худро барои моҳҳои сентябр, октябр ва ноябр пардозанд. Ба гуфтаи онҳо, феълан ҳисоби бонкии корхонаҳои мазкур холӣ аст. Вале ваъда медиҳанд, ки моҳи феврали соли 2021 тамоми моҳонаҳоро мепардозанд", - изҳор дошт корманди яке аз корхонаҳои Лебап ба шарти ифшо нашудани номаш.

Вазъи иқтисоди Туркманистон аллакай чор сол мешавад, чандон хуб нест. Дар давоми солҳои ахир корхонаҳои давлатии зиёд баста шуда, дар як қатор вазорату идораҳои дигар ихтисори кормандон сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG