Ссылки доступа

"Оби Ғунд кам шуд", дар Бадахшон маҳдудияти барқ ҷорӣ карданд


Фото с сайта компании "Памир Энерджи"

Сокинони чанд ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли барқ ба хонаҳояшон шикоят доранд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик ду ҳафта пеш эълон карданд, ки "лимит"-ро дар саросари кишвар бекор карданд.

Мусоҳибони мо дар вилояти Бадахшон гуфтанд, ки дар шабонарӯз ҳамагӣ 5-6 соат барқ мегиранд ва он ҳам шабона. Намояндагони ширкати "Помир энержӣ", ки вилоятро бо барқ таъмин мекунанд, иддао доранд, ба сокинон аз 14 то 17 соат барқ медиҳанд.

Салимшоҳ Акобиршоев, сокини деҳаи Барзуди ноҳия Рӯшон, рӯзи 24-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, беш аз даҳ рӯз инҷониб бо маҳдудият барқ мегиранд.

Вай гуфт, "ҳоло, ки суҳбат мекунем, соат шаши бегоҳ аст, ҳанӯз барқ нест. Соати ҳафти субҳ барқро хомӯш карда буданд. Мумкин аст, соатҳои 9-10-и шаб барқ диҳанд. Баъзе рӯз соати 11-и шаб медиҳанд, вақте ки хобем. Баъзе оилаҳо кӯдаку пирони барҷомонда доранд. Ҳама аз бебарқӣ дар азобанд", -- иброз дошт ӯ.

Ин сокини Рӯшон мегӯяд, набудани барқ дар сардиҳои зимистон барои хонаводаҳо мушкилоти зиёде пеш овардааст. "Ҳарорати ҳаво ин шабу рӯз то 9-10 дараҷаи зери сифр поин мефарояд. Шаб мешавад, барқ нест. Кӯдакон наметавонанд дарс тайёр кунанд. Ҳаммомҳои умумӣ кор намекунанд, шустушӯ кардан мушкил аст. Медонед, дар бебарқиву торикӣ мисли одами нобино зиндагӣ дорем", -- иброз дошт Акобиршоев.

Ҳамин гуна сокинони 5 ноҳияи ВМКБ аз камбуди нерӯи барқ дар шароити сарди зимистон шикоят доранд.

Шоҳфозил Шоҳназиров, роҳбари бахши тавлиди нерӯи барқ дар ширкати "Помир энержӣ", рӯзи 24-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, сабаби асосии камбуди барқро ба "фавқуллода кам шудани сатҳи об дар дарёи Ғунд ва сардии ҳаво" рабт дод.

"Дар болооби дарёи Ғунд ҳаво то 22 дараҷа сард аст ва зиёд яхсел меояд. Дар Яшилкул 400 миллион метри мукааб об ҳаст ва аз он иҷоза дорем, ки 150-160 миллион метри мукааб об гирем. Яшилкул барои нерӯгоҳҳои мо як обанбор аст, ки барои зимистон захира мекунем. Аммо имсол моҳҳои ҷамъкунии об сард омад ва об захира нашуд. Бо мурури кам шудани оби дарёи Ғунд аз Яшилкул об изофа мекунем. Дар он ҷо ҳам ҳаво то 35 дараҷа сард шудааст. Аз ин рӯ, ба қадри зарурӣ аз он об гирифта натавониста истодаем", -- шарҳ дод Шоҳназиров.

Чархаҳои ду нерӯгоҳи бузургтари "Помир энержӣ"-ро маҳз оби рӯди Ғунд ба ҳаракат медарорад.

Ба гуфтаи Шоҳназиров, айни замон нерӯгоҳҳои ширкати "Помир энержӣ", бинобар сардии ҳаво тақрибан бо 80 дарсади иқтидорашон фаъолият доранд. Вай афзуд, ба ҷуз аз шаҳри Хоруғ дар гӯшаҳои дигари вилоят маҳдудият ҷорӣ шудааст ва "мардум вобаста ба шароиту ҷойи зисташон дар шабонарӯз аз 14 то 17 соат барқ мегиранд".

Дар калонтарин ноҳияи Тоҷикистон – Мурғоб ҳам лимити барқ ҷорӣ шудааст, чун ба гуфтаи Шоназиров, оби дарёи Оқсу хеле кам шудааст. Ӯ гуфт, нерӯгоҳи барқи офтобие, ки бо иқтидори 200 мегаватт ахиран фаъол карда шуд, барои бо барқ таъмин кардани сокинон андаке ёрӣ мерасонад: "Рӯзҳои офтобӣ барқи бештар ҳосил мешавад, ба мардум зиёдтар барқ медиҳем, рӯзҳои абрӣ -- камтар."

Дар ҳамин ҳол, дар миёни қисме аз сокинон дар ВМКБ андешае чарх мезанад, ки мумкин аст ширкати "Помир энержӣ" мувофиқи шартнома барқро ба Афғонистон мефурӯшад ва, аз ин рӯ, норасоии барқ дар дохил ташдид ёфтааст. Аммо Ғолиб Ниятбеков, сухангӯйи раиси ҳукумати ВМКБ, рӯзи 24-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин ҳадсу гумонҳоро рад кард ва гуфт, "барои мақомот таъмини сокинони вилоят бо барқ вазифаи аввалиндараҷа мемонад".

Ширкати "Помир энержи" соли 2002 дар натиҷаи як созишномаи консессионӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон, Бунёди Оқохон ва Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) ташкил шудааст. 70 дарсади саҳмияҳои ширкат ба Бунёди Оқохон ва 30 дарсади дигар ба IFC тааллуқ дорад.

Нархи нерӯи барқ дар Бадахшон дар муқоиса ба минтақаҳои дигари Тоҷикистон андаке гарон буда, як киловатт/соат нерӯи барқ барои аҳолӣ 2,75 сент ва ё ҳудуди 27 дирам аст.

Тоҷикистон ҳар сол дар фасли зимистон бо камбуди нерӯи барқ дучор меояд. Аз охири моҳи октябр то нимаи декабри имсол низ сокинон бо маҳдудият барқ гирифтанд. Аммо вилояти Бадахшон то соли равон маъмулан чунин мушкиле надошт ва сокинонаш бидуни "лимит" барқ мегирифтанд. Камобӣ ва камбарқии имсол барои ин вилоят камсобиқа будааст.

XS
SM
MD
LG