Ссылки доступа

Аврупо истифодаи дастаҷамъии ваксинаи Pfizer ва BioNTech-ро зидди коронавирус оғоз кард


Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) рӯзи якшанбе гузаронидани дастаҷамъии ваксинаи сохтаи ширкатҳои Pfizer ва BioNTech ба сокинонро оғоз карданд.

Ба огаҳии "Интерфакс", ваксинаҳо аллакай ба Олмон, Фаронса, Австрия ва Итолиё интиқол дода шуданд. Дар гузаронидани ваксина авлавият ба гуруҳи осебпазири сокинон, аз ҷумла калонсолон дода мешавад.

Дар Испания ва Булғористон низ рӯзи якшанбе ваксингузаронӣ оғоз шуд. Мақомоти Белгия ва Люксембург гуфтанд, ки ваксингузарониро 28 декабр оғоз мекунанд.

Масъулони ширкатҳои Pfizer ва BioNTech гуфтанд, ки омодаанд то охири сол ба кишварҳои аврупоӣ то 12,5 миллион моя ваксина содир кунанд.

Оҷонси дорувории Аврупо пештар гуфт, ки бехатарӣ ва таъсирнокии ваксинаи мазкурро ҳамаҷониба озмоиш кардааст. Оҷонс ба истифодаи ин ваксина баъди оғози гузаронидани он ба сокинони ИМА иҷозат дод.

XS
SM
MD
LG