Ссылки доступа

Дар Туркманистон фаъолияти хешовандон дар як ниҳоди қудратӣ манъ шуд


Дар вилояти Марии Туркманистон аз соли нав шахсоне аз мақом барканор карда мешаванд, ки аз як хонавода чанд нафар ё ҳамроҳи хешовандони худ дар як ниҳоди ҳифзи ҳуқуқ кор мекунанд.

Хабарнигнори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Марӣ гуфт, мақомот аллакай кормандони ҳифзи ҳуқуқро дар ин бора огаҳ кардаанд.

"Сар аз соли нав фаъолияти хешовандон дар як ниҳоди ҳифзи ҳуқуқ манъ мешавад. Яъне, кор кардани аъзои як хонавода дар пулис, Вазорати амнияти миллӣ, додситонӣ ё мақомоти додгоҳӣ манъ карда шудааст", - гуфтанд чанд корманди ҳифзи ҳуқуқи Марӣ ба шарти ифшо нашудани номашон ба хабарнигор.

Ба гуфтаи хабарнигор, дар ин замина фармони шифоҳие содир ва санҷишҳо дар ниҳодҳои мазкур аллакай шуруъ шудааст. Дар сурати ошкор шудани фаъолияти хешовандон танҳо якеашон ҳаққи боқӣ мондан дар мақоми худро хоҳад дошт.

Раҳбарияти ниҳодҳои қудратии вилояти Марӣ ин қарори худро шарҳ намедиҳанд ва талошҳо низ барои дарёфти назари онҳо бенатиҷа буд.

XS
SM
MD
LG