Раиси вилояти Андиҷони Узбекистон Шуҳрат Абдураҳмонов ба Мирзиёев дар бораи рафти корҳо бо ҷавонони вилоят, таъмини онҳо бо ҷои кор ва ҳалли мушкилиҳояшон ҳисобот дод. Ӯ дар ҷараёни суханронияш ибораи "муҳтарам президент"-ро хеле зиёд истифода кард.
Ба ҳисоби хабарнигори расонаи маҳаллии Gazeta.uz, ки дар чорабинӣ иштирок дошт, Абдураҳмонов ибораи "муҳтарам президент"-ро дар 10 дақиқаву 21 сония 81 бор ё ба ҳисоби миёна дар ҳар 7,6 сония як бор истифода кардааст.
Дар Форуми ҷавонони Узбекистон ҳамчунин раиси вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров низ иштирок ва суханронӣ кард. Ӯ дар 12 дақиқаву 35 сония ҳамагӣ 22 бор ибораи "муҳтарам президент"-ро истифода намуд.