Ссылки доступа

Дар шаҳрҳои Русия ба ҷонибдорӣ аз Алексей Навалний эътироз мекунанд


 Пикет во Владивостоке 26 декабря
Пикет во Владивостоке 26 декабря

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия 27 декабр ба ҷонибдорӣ аз мухолифи рус Алексей Навалний, ки ахиран гуфт, эҳтимол дорад, ӯро маъмурони Хадамоти федеролии амнияти кишвараш ё ФСБ заҳролуд сохтаанд, эътирозҳои инфиродӣ баргузор шуд.

Ба иттилои "Эхо Москва", дар маркази Петербург, дар назди "Гостиний двор" силсила эътирозҳои инфиродӣ баргузор гашт. Эътирозгарон дар даст лавҳаҳоеро доштанд, ки дар онҳо президенти Русия Владимир Путин интиқод ва акси таҳпуши кабудранд нашр шудааст. (Бар асоси таҳқиқоти худи Навалний, маъмурони ФСБ гӯиё ба таҳпуши ӯ заҳр пошида буданд".

Кормандони пулис эътирозгаронро номнавис карда, ҳушдор доданд, ки кори онҳо нақзи "низоми омодагии баланд" дар робита ба пандемияи коронавирус шумурда мешавад ва ҷавобгариеро низ дар пай дорад. Вале касеро дастгир накарданд.

Фаъолони Петербург рӯзи шанбе эътирозҳоеро низ дар назди бинои ФСБ баргузор карданд. Онҳо ҳамроҳи худ либосҳоеро оварда, дар назди даромадгоҳи бинои ФСБ гузоштанд ва гуфтанд, либосҳоро ба хотири "шӯстан" ба онҷо бурдаанд. Ин ишора ба эътирофи маъмури эҳтимолии Хадамоти федеролии амнияти Русия буд, ки гуфт, изи заҳри "Новичок"-ро дар таҳпуши Навалний ӯ тоза кардааст.

Қаблан ба ҷонибдорӣ аз Навалний дар Владивосток, Уфа ва шаҳрҳои дигари Русия низ эътирозҳое баргузор шуда буд.

XS
SM
MD
LG