Ссылки доступа

Чин рӯзноманигори шаҳрвандиро барои гузориш дар бораи коронавирус 4 сол зиндонӣ кард


Додгоҳе дар Чин як рӯзноманигори шаҳрвандиро, ки моҳи феврали имсол дар бораи шуюи коронавирус дар шаҳри Вуҳон хабар дода буд, равонаи зиндон кард.

Чжан Чжани 37-сола дар бораи шуюи коронавирус дар Вуҳон видеоеро таҳия ва дар Интернет нашр карда буд. Дар видео беморхонаҳои пур аз мубталошудаи коронавирус дар замоне нишон дода шуд, ки мақомоти Вуҳон вуҷуди вируси навро рад мекарданд.

Вакили дифои рӯзноманигор гуфт, Додгоҳи Шангхай Чжан Чжанро, ки дар гузашта ба ҳайси ҳуқуқшинос кор кардааст, барои гузориш аз маҳалли шуюи коронавирус чаҳор сол аз озодӣ маҳрум кард. Рӯзноманигор дар ангехтани "баҳсу низоъҳо" айбдор дониста шудааст.

Вакили дифои рӯзноманигор гуфт, аз вазъи сиҳатии шахси зери ҳимояаш нигарон ҳастанд. Маҳкумшуда моҳи июни соли равон ба нишони эътироз гуруснанишинӣ эълом карда буд, вале иҷборан ӯро ғизо хуронданд. Ба гуфтаи вакили дифоъ, зерҳимояаш гуфтааст, агар нисбат ба ӯ ҳукми сангин эълом шавад, дубора аз ғизо даст мекашад.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ мақомоти Чинро ба он айбдор мекунанд, ки дар рӯзҳои аввали шуюи коронавирус ҳама гуна маълумот дар бораи онро пинҳон карданд ва саривақт ҳамаро огаҳ нанамуданд.

XS
SM
MD
LG