Ссылки доступа

Додгоҳи Алмато хост, фаъоли маданӣ Баймагамбетова дар ҳабс бимонад


Диана Баймагамбетова была в числе других активистов, которые в августе прошли от дома покойного Агадила к кладбищу, где он похоронен, в поселке Талапкер Акмолинской области. Полиция и суды назвали это участием в несанкционированном шествии.

Додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон ҳукми ҳабси пешакии фаъоли маданӣ Диана Баймагамбетоваи 28-соларо, ки 14 декабр содир шуда буд, бетағйир гузошт.

Баймагамбетова 12 декабри соли равон дар фурудгоҳи Алмато бо гумони "иштирок дар фаъолияти созмони мамнуъ" (Көше партиясӣ) ва "узвият дар гуруҳи террористӣ" дастгир гашта, ду рӯз баъд бо қарори додгоҳ то 12 феврали соли 2021 ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Баймагамбетоваро дар соли равон се бор 15-рӯзӣ бо гумони иштирок дар эътирозҳои бидуни иҷозат ҳабси маъмурӣ карда буданд.

Ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқи қазоқ, то ба имрӯз дар он кишвар беш аз 110 кас бо гумони иштирок дар фаъолияти созмони мамнуи "Көше партиясӣ" зиндонӣ шуда ё зиддашон тафтишот идома дорад.

Додгоҳи ноҳияи Есили пойтахти Қазоқистон ҳаракати "Көше партиясӣ"-ро моҳи майи соли равон бо дархости Додситонии кулли ин кишвар созмони "террористӣ" эълом ва фаъолияташро манъ карда буд. Мақомоти қазоқ ин созмонро як шохаи ҳаракати мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон"-и мухолиф Мухтор Аблязов меноманд.

XS
SM
MD
LG