"Ҳар ду ваксинаҳо нишон доданд, ки таъсирнокияшон хеле баланд аст. Таъсири ваксинаи русии "Спутник V" то 92 дарсад ва аз қазоқӣ - "QazCovid-in" то 96 дарсад аст. Ин нишондоди хеле баланд аст", - изҳор дошт Шоранов.
Дар Қазоқистон 19 декабр марҳалаи севуми озмоиши клиникии ваксинаи худӣ - "QazCovid-in" оғоз шуда, дар доираи он ба се ҳазор ихтиёрӣ ваксина гузаронида хоҳад шуд.
Ба ҷуз ин, дар Маҷмааи дорусозии Қарағандаи Қазоқистон истеҳсоли ваксинаи русӣ низ оғоз шудааст. Дар Қарағанда қарор аст, тадриҷан ду миллион моя ваксина истеҳсол шавад.