Ссылки доступа

Киштии Русия бо 19 моҳигир дар Барентсево ғарқ шудааст


 Белый медведь в Баренцевом море.
Белый медведь в Баренцевом море.

Дар баҳри Барентсево, дар наздикии Замини Нав киштии моҳигири "Онега" бо 19 нафар ғарқ шудааст. То ҳол 2 моҳигир наҷот дода шуда, ҷустуҷӯи 17 тани дигар идома дорад.

Хабари ғарқ шудани киштии "Онега" субҳи рӯзи душанбе расидааст. Бино ба маълумоти пешакӣ, киштӣ ба иллати яхбандӣ ғарқ гаштааст.

Дар амалиёти ҷустуҷӯӣ ва наҷоти ғарқшудаҳо киштии "Войково" иштирок дорад. Се киштии дигар низ ба маҳалли ҳодиса сафарбар шудааст. Нерӯҳои ҳавоӣ ба далели номусоидии ҳаво наметавонанд дар он ширкат кунанд.

Кумитаи тафтишотии Русия дар робита ба ҳодисаи мазкур бо банди нақзи қоидаҳои бехатарии ҳаракат ё идораи киштӣ парванда боз кардааст.

XS
SM
MD
LG