Ссылки доступа

Қирғизистон нафақаи сокинонашро бо пули Русия мепардозад


Иллюстративное фото.
Иллюстративное фото.

Қирғизистон барои пардохти нафақа ва маоши сокинони худ аз Русия кумаки молӣ дарёфт хоҳад кард.

Ба огаҳии сафорати Русия дар Қирғизистон, Кремл барои дастгирии молии Бишкек 20 миллион доллар қарзи бебозгашт ҷудо кардааст.

"Ҳукумати Русия барои рӯйпуш кардани касри буҷаи Қирғизистон дар бахши пардохти маош, нафақа, кумакпулӣ ба сокинони камбизоат ва сармоягузории низоми тандурустӣ 20 миллион доллар ҷудо кард. Лоиҳаи созишномаро ҷониби Қирғизистон имзо карда, он рӯзҳои наздик ба тасвиб мерасад", - омадааст дар иттилоияи сафорат.

Дар Қирғизистон наздики 700 ҳазор одам нафақа мегиранд, ки барои пардохти нафақапулии онҳо 4 миллиарду 156 сом лозим аст. Агар пули ҷудо кардаи Русияро бо қурби ҳозира баргардонем, 1 миллиарду 640 сом хоҳад шуд. Чи қадари ин кумак ба пардохти нафақа ва чи қадари дигар ба пардохтҳои боқӣ равона мешавад, маълум нест.

XS
SM
MD
LG