Ссылки доступа

Таҷлили расмии Соли нав манъ шуд, Бобои Барфиро ба хона даъват мекунанд


В Таджикистане Новый год с присущими ему ныне атрибутами отмечают уже больше 80 лет. Архивное фото

Бо манъ шудани таҷлили расмии Соли нав дар шаҳрҳои Тоҷикистон арчаи идона барафрошта нашуд ва Бобои Барфӣ, як персонажи шабеҳ ба Санта Клаус, низ мисли солҳои пеш дар кӯчаҳо ба назар намерасад. Вале баъзе аз сокинони шаҳри Хуҷанд талош доранд, Бобои Барфӣ меҳмони маҳфилҳои оилавияшон шавад.

Акбар Зокиров, муҷрии барномаҳои фарҳангии телевизиони "Азия", мегӯяд, дӯстону пайвандонашон аз ӯ хостаанд, шаби соли нав бо ҷомаи сурху риши сафед ба хонаҳояшон ояд ва барои фарзандони онҳо ба истилоҳ "сюрприз" ба вуҷуд орад.

"На аз рӯйи эътиқод, балки ҳамчун рамзи Соли нав хурду калон мехоҳанд, бобои барфӣ биёяд, табрик кунад ва тӯҳфа диҳад. Баъзе оилаҳо аз Бобои Барфӣ дар тарбияи фарзандонашон низ истифода мекунанд. Онҳо мегӯянд, агар боодоб боше, Бобои Барфӣ тӯҳфа меорад, ба мисли ин", -- афзуд ӯ.

Одамони зиёд меоянду дархост мекунанд, ки ба хонаҳояшон равем. Лекин барои рафтан метарсем, чунки иди арчаю Бобои Барфиро иҷозат надодаанд.

Кӯдакони бисёре аз кишварҳои ҷаҳон фарорасии Соли навро бештар ба хотири Бобои Барфӣ дӯст медоранд, ки гуиё аз роҳҳои дур ва пуштаҳои барфпӯш барояшон туҳфаҳо меорад. Баъзе аз хонаводаҳо солҳои зиёд ин анъанаро ба ҷо овардаанд ва мехоҳанд, соли ҳамагириии коронавирус ҳам истисно набошад.

Зафар Маҳкамов, сокини шаҳри Хуҷанд, рӯзи 28-уми декабр гуфт, "дар хонадони мо ҳар сол Бобои Барфӣ омада, кӯдаконро табрик карда, меравад. Набераҳои зиёд дорам. Ҳоло азбаски коронавирус аст, Бобои Барфӣ ба хона ояд, зиёд хушҳол мешаванд."

Хуршед танҳо касе аст, ки дар майдони Регистони бозори "Панҷшанбе"-и Хуҷанд дар симои Бобои Барфӣ ба кӯдакони раҳгузарбар дар ивази шеърхонияшон тӯҳфаҳои солинавӣ медиҳад. Калонсолон аз дидани ӯ шод мешаванд ва ҳамроҳаш "селфи" мегиранд.

"Одамони зиёд меоянду дархост мекунанд, ки ба хонаҳояшон равем. Лекин барои рафтан метарсем, чунки иди арчаю Бобои Барфиро иҷозат надодаанд. Ман фақат дар назди бозор тӯҳфа мефурӯшам ва бо хоҳишмандон акс мегирам", -- гуфт Хуршед Каримов.

Аммо қисме аз аҳолӣ зуҳури Бобои Барфиро як анъанаи бегона ба фарҳанги миллӣ ва мазҳабӣ мешуморанд ва чанд сол пеш талоше шуда буд, ки чунин қаҳрамони рамзӣ ба Иди Наврӯз илова карда шавад.

Ҳамчунин, моҳи январи соли 2012, дар шаҳри Душанбе шахсе, ки худро бо либоси Бобои Барфӣ ороста буд, аз тарафи гурӯҳи ҷавонон кушта шуд. Ҳодиса авбошӣ дониста шуд ва ҳамлаварон ҷазо диданд, вале баъзе аз мардум онро обуранги мазҳабӣ дода, гуфтаанд, муносибат дар ҷомеа ба Бобои Барфӣ яксон нест.

Ситоди ҷумҳуриявии зидди ҳамагирии COVID-19 таҷлили Соли навро дар саросари Тоҷикистон дар ҳоле манъ кард, ки мавридҳои гирифторӣ ба ин беморӣ дар Тоҷикистон идома дорад.

Тибқи омори расмӣ аз 30-юми апрел то 28-уми декабр 13205 нафар дар кишвар ба ин беморӣ мубтало шуда, 90 нафар ҷон бохтаанд. Вале коршиносон ва феҳристҳои нашршуда ин омори расмиро зери шубҳа мегузоранд.

XS
SM
MD
LG