Ссылки доступа

Барфи ахир мушкилоти сокинони Туркманистонро бештар кард


Гурбангулы Бердымухаммедов прогулялся со своим внуком Керимгулы у подножия Копетдага. Фото государственного информагентства ТДХ
Гурбангулы Бердымухаммедов прогулялся со своим внуком Керимгулы у подножия Копетдага. Фото государственного информагентства ТДХ

Барфе, ки охирҳои ҳафтаи гузашта дар вилоятҳои Ахал ва Марии Туркманистон борид, барои сокинони маҳаллӣ як қатор мушкилиҳои дигар ба бор оварда, боиси садамаҳои нақлиётии зиёд шудааст.

Бино ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, бориши барфе, ки 25 декабр шуруъ шуда буд, рӯзи баъдӣ низ идома ёфта, баландии он ба 10 сантиметр расидааст.

Ин боришот нишон дод, ки Хадамоти коммуналӣ ва роҳҳои Туркманистон имсол низ ба зимистон омода набудааст. Дар шаҳри Ишқобод дар натиҷаи яхбандии роҳҳо автобуси мусофирбар чаппа шуда, дар вилояти Марӣ чандин садамаи нақлиётӣ рух додааст.

Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар Марӣ садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои пулис низ кам нестанд.

Расонаҳои расмии Туркманистон дар бораи ин мушкилот чизе намегӯянд ва телевизионҳои давлатии он кишвар шоми 27 декабр сайругашти президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро бо наберааш Каримгулӣ дар қаторкуҳҳои Копетдоғ нишон доданд.

XS
SM
MD
LG