Ссылки доступа

Дар Чин миллиардер - таҳиягари бозиҳои "Бозии тахтҳо"-ро заҳролуд сохтанд


Пулиси шаҳри Шангхайи Чин марги миллиардери 39-сола Лин Сиро, ки 25 декабр фавтид, тақиқ мекунад. Бино ба фарзияҳои пешакӣ, ӯ заҳролуд шудааст.

Лин молики ширкати таҳиягари бозиҳои видеоии Yoozoo буд, ки бо бозии "Бозии тахтҳо: зимистон наздик аст" машҳур шудааст.

Дороии Лин дар раддабандии Hurun Report 1,3 миллиард доллар арзёбӣ шуда буд. Ширкати вай дар асоси филми машҳури бисёрсериягии "Бозии тахтҳо" бозиҳои видеоӣ таҳия мекард.

Лин Сиро 16 декабр бо нишонаҳои заҳролудшавӣ дар Шангхай бистарӣ карданд. Вай худаш ба беморхона рафт ва худро хуб ҳис мекард. Вале дертар вазъаш бад шуда, 25 декабр фавтид.

Маҷаллаи чинии "Стайсин" бо истинод ба як манбаи худ хабар додааст, ки дар сӯиқасд ба ҷони Сӣ як корманди Yoozoo гумонбар аст. Пулис гумонбарро дастгир карда, ҷузъиёти ҳодисаро ошкор намекунад.

XS
SM
MD
LG