Ссылки доступа

Коргарони як ширкати машғули кор дар "Роғун" гуфтанд, ним сол боз маош нагирифтаанд


На одной из строительных площадок Рогунской ГЭС
На одной из строительных площадок Рогунской ГЭС

Даҳҳо коргари ширкати "Асри нур", ки дар маҳалли сохтмони нирӯгоҳи "Роғун" кор мекунанд, иддао доранд, ним сол боз маош нагирифтаанд.

Масъулони "Асри нур" ба Радиои Озодӣ қазияро шарҳ надоданд, аммо дар ҷавоби расмӣ ба шикояти баъзе аз коргарони худ гуфтаанд, "моҳ ба моҳ ва бемаҳдудият муздро мепардозанд".

Ба иддаои коргарон, дар ширкати "Асри нур" 160 нафар фаъолият доштанд ва ба сабаби таъхир дар пардохти маош то кунун бист кас кори худро қатъ кардаанд.

Мадина Кенҷаева, сокини ноҳияи Шаҳритус, 29-уми декабр бо Радиои Озодӣ дар тамос шуд ва гуфт, ҳамсараш Темур Кенҷаев дар ширкати "Асри нур" кор мекунад ва бори охир ба ҳисоби бонкиаш моҳи июни имсол пул гузаштааст. Ӯ гуфт, барои фаҳмидани асли масъала ба номи раҳбарияти нирӯгоҳи "Роғун" ҳам нома навиштанд ва дар ҷавоб инро гирифтанд:

"Маоши коргарон барои моҳи январи имсол пурра ва моҳи феврал 50 дарсад пардохта шудааст. Бо дарёфти маблағ аз тарафи фармоишгар музди кории Темур Кенҷаев пурра пардохта хоҳад шуд."

Кенҷаева мегӯяд, баъдан масъулони ширкат то моҳи июн ниме аз маоши шавҳарашро доданд, аммо ним сол боз ба ҳисоби бонкиаш чизе нагузаштааст.

Коргари дигари ширкати "Асри нур" Маҳмадсаид Каримов гуфт, шаш моҳ мешавад бе маош фаъолият доранд. "Ҳар ҳафта мегӯянд, маошро медиҳанд, ақаллан 30 ё 50 дарсадашро. Рӯзҳо мегузаранд, вале музди корро намедиҳанд ва сабабашро ҳам намегуянд."

Вай афзуд, музди кориаш аз 2 ҳазор сомонӣ бештар аст ва ҳар моҳ 15 рӯз дар нақби нирӯгоҳ ба кори сохтмон машғул мешаванд. Ӯ мегӯяд, бо вуҷуди нагирифтани маош ба фаъолият идома медиҳанд, то аз ин кор ҳам намонанд. Дар Тоҷикистон ёфтани кор мушкил аст.

Толиб Раҳимов, раиси ширкати "Асри нур" баробари шунидани суоли мо дар бораи масъалаи маоши кормандон гӯширо гузошт ва дигар ба зангҳо посух надод. Ӯ пештар дар нерӯгоҳи "Сангтуда-1" кор мекард ва баъд аз оғози сохтмони нирӯгоҳи "Роғун" ба ин ҷо омад.

Бори аввал нест, ки коргарони ширкатҳои машғули кор дар маҳалли сохтмони "Роғун" аз нагирифтани маош шикоят мекунанд. Дар моҳи июни имсол гуруҳе аз коргарони нирӯгоҳ шикоят карда буданд, ки маоши панҷмоҳаи худро нагирифтаанд.

Баъди он Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, ки ҳамзамон масъули сохтмони нирӯгоҳи "Роғун" дар ҳукумат аст, дар ҳузури коргарон ваъда дод, "ба зудӣ маош мешавад", вале коргарони "Асри нур" мегӯянд, аз он замон шаш моҳ гузашту вазъ ба таври мусбат тағйир накард.

Оҷонси омори Тоҷикистон гуфта буд, дар шаш моҳи аввали имсол беш аз 30 раиси корхонаву муассиса барои напардохтани маош ба кормандони худ муҷозот шудаанд. Ба иттилои Оҷонсӣ, қарзи маош дар Тоҷикистон то моҳи апрел дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 27 дарсад бештар ва ба зиёда аз 51 миллион сомонӣ баробар шудааст.

Тарҳи нирӯгоҳи "Роғун" дар замони Шӯравӣ таҳия ва корҳои сохтмонӣ ҳамон вақт оғоз ёфта буд. Ба далели ҷанги шаҳрвандӣ, надоштани пул ва ҳам мухолифати кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон натавонист, онро такмил кунад ва танҳо соли 2016 ба сохтмони асосии он шуруъ кард.

XS
SM
MD
LG