Ссылки доступа

Заминларзаи 6,2 - баллӣ Хорватияро такон дод


Одно из пострадавших в Петрине зданий

Дар Хорватия рӯзи дувум аст, ки паи ҳам заминларзаи сахт рух медиҳад. Дар пойтахти ин кишвар Загреб ва шаҳру ноҳияҳо хонаҳо зарар дидаанд.

Ба иттилои Маркази зилзилашиносии Аврупо, қудрати зилзила 6,3 дараҷа буда, дар 46-километрии ҷанубу шарқи Загреб рух додааст.

Телевизиони N1 бо истинод ба як масъули шаҳрдории Загреб иттилоъ дод, ки дар натиҷаи заминларза кудаки 12-сола ҷон бохтааст. Телевизион видеоҳоеро пахш кард, ки нишон медиҳанд чи гуна кормандони наҷот сокини маҳаллиро бо кудак аз зери харобаҳо берун меоранд.

Сардори Хадамоти ёрии таъҷилии шаҳри Сисаки Хорватия Томислав Фабиянич иттилоъ дод, ки дар шаҳри ҳамсоягии Сисак ва Петрина дар натиҷаи заминларза сокинони зиёд осеб дидаанд.

Хабаргузории STA гузориш додааст, ки мақомоти Хорватия ҳамчун чораи эҳтиётӣ фаъолияти ягона неругоҳи атомӣ дар он кишварро муваққатан боз доштаанд.

XS
SM
MD
LG