Ссылки доступа

Дар Қазоқистон дар 1 рӯз 12 кас аз "илтиҳоби шабеҳи коронавирус" ва Ковид-19 ҷон додааст


Дар Қазоқистон рӯзи гузашта 7 кас бар асари коронавирус ё Ковид-19 ва 5 тани дигар аз "илтиҳоби шуши шабеҳи коронавирус" ҷон додааст.

Дар иттилоияи Вазорати тандурусии Қазоқистон омадааст, ки аз моҳи марти соли равон то ба ҳол дар он кишвар 2 274 кас аз коронавирус ҷон доданд. Ҳамчунин садҳо мубталои фавтидаи дигари коронавирус ба далели он ки комиссия сабаби марги онҳоро бемории дигар номидааст, шомили ин омор нашудаанд.

Дар Қазоқистон ҷамъан наздики 154 ҳазор ҳолати мубталошавӣ ба коронавируси нав ба қайд гирифта шудааст. Аз ин миён, 726 ҳолатро дар давоми дирӯз ошкор кардаанд.

Мақомоти Қазоқистон аз моҳи августи соли равон таҳти фишори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ нашри омори мубталоёни "илтиҳоби шуши шабеҳи коронавирус"-ро оғоз карданд. Дар давоми як рӯзи ахир дар ин кишвар 170 ҳолати гирифторӣ ба он ошкор шудааст. Аз аввали пандемияи коронавирус то ба ҳол дар Қазоқистон аз ин беморӣ 498 кас ҷон додааст.

XS
SM
MD
LG