Ссылки доступа

"Буҷавиҳо"-и Туркманистонро дастаҷамъона зидди зуком эм мекунанд


Ашхабад, 28 декабря, 2020

Ниҳодҳои давлатии Туркманистон аз кормандони худ талаб доранд, то маълумотнома пешниҳод кунанд, ки зидди бемории зуком эм кардаанд. Дар ғайри сурат аз ҷои кор маҳрум хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол дар шаҳру ноҳияҳои Туркманистон кормандони тиббӣ дар ба дари хонаи сокинон гашта, онҳоро ба эмкунӣ ташвиқ мекунанд.

Ин иқдом дар пасманзари афзоиши шумори бемороне рӯис даст гирифта шудааст, ки нишонаҳои коронавирусро доранд.

Хабарнигори бахши Туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки як қатор корхонаҳои давлатии шаҳри Ишқобод кормандони худро муваззаф кардаанд, то зидди зуком эм кунанд.

Эмкунӣ ройгон аст. Бархе аз сокинони Туркманистон бар инанд, ки ин эмкунӣ зидди коронавирус аст, чун худди табибон ба онҳо гуфтаанд.

Дар Туркманистон моҳи октябри соли равон эмкунии сартосарии аҳолӣ сурат гирифта буд. Табибони туркман он замон гуфта буданд, ки ин эм зидди зукоми мавсимӣ ва ҳатмӣ буда, онро тамоми аъзои хонавода бояд кунанд.

Мақомоти Туркманистон то ҳол иддао доранд, ки дар он кишвар ягон ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт нашудааст. Вале хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ бо радди ин иддао пайваста хабар медиҳад, ки шумори мубталоёни вируси нав дар он кишвар афзудааст.

XS
SM
MD
LG