Телевизионҳои маҳаллӣ видеоҳоеро пахш карданд, ки нишон медиҳанд чи гуна кормандони наҷот одамонро аз зери харобаҳо берун меоранд.
Ба иттилои Маркази зилзилашиносии Аврупо, қудрати зилзила 6,3 дараҷа буда, дар 46-километрии ҷанубу шарқи Загреб, пойтахти Хорватия рух додааст.
Заминларзаи шадид тамоми Хорватияро такон дода, дар ҳамсоякишварҳои он - Сербистон, Босния ва Словения низ эҳсос шудааст.
Муовини сарвазири Хорватия Томо Медвед гуфт, дар миёни ҳалокшудаҳо як духтари 12-сола аз шаҳри Петриня ва 5 тани дигар аз деҳаи ҳамсоягии он низ ҳастанд. Пулиси Хорватия гуфт, дар натиҷаи заминларза 20 кас ҷароҳати сабук бардошта, 6 тани дигар сахт захмӣ шудааст.