Ссылки доступа

Дар вилоятҳои Туркманистон кандани бонкоматҳо идома дорад


 Туркменистан (иллюстративное фото)
Туркменистан (иллюстративное фото)

Дар шаҳру ноҳияҳои Туркманистон кандани бонкоматҳо идома дорад. Дар маркази баъзе аз ноҳияҳои ин кишвар тақрибан бонкомат намондааст.

Аз ҷумла, дар вилояти Лебапи Туркманистон шумори бонкоматҳо тақрибан нимбаробар кам шудааст. Бонкоматҳои мавҷуда низ нақдина надоранд ё навбатпоиҳои тулонӣ дар наздашон мушоҳида мешавад.

Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар ноҳияи Фороби Туркманистон аз 19 бонкомат 6 то боқӣ мондааст. Шумори бонкоматҳои ноҳияи Дарганата ҳам, ки 27 то буданд, ба 8 расидааст.

Коҳиши теъдоди бонкоматҳо навбатпоиҳо барои нақдинаро тулонитар кардааст. Дар ҳоли ҳозир бар сари ҳар 3 минтақаи аҳолинишини вилояти Лебап 1 бонкомат рост меояд ва он ҳам аксари вақт пул надорад.

Раванди барчидани бонкоматҳо дар Туркманистон тобистони соли равон оғоз шудааст. Ин иқдом дар пасманзари камбуди нақдина ва навбатпоиҳои тулонӣ дар назди бонкоматҳо дар Туркманистон руи даст гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG