Ссылки доступа

Нобовар Чаноров: Тарсу рӯҳафтодагӣ буд, аммо гузашт (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Нобовар Чаноров: Тарсу рӯҳафтодагӣ буд, аммо гузашт. Нобовар Чаноров, овозхони шинохтаи тоҷик, имсол ба синни 50 расид. Ӯ мегӯяд, аҳди коронавируси нав барояш мушкилӣ овард, аммо тавонист панҷ таронаи нав сабт кардаву ба мухлисон бирасонад. Идомаро дар видео бинед. (видео)

- Додситонӣ гуфт, дар Истаравшан садҳо ҳазор сомониро "дуздидаанд". Додситони вилояти Суғд масъулони ҳукумати Истаравшанро ба истифодаи ғайриҳадафмандонаи тақрибан 1 миллион сомонӣ аз буҷаи давлат муттаҳам кард. Фурқат Хоҷазода рӯзи 30-юми декабр дар нишасте дар Хуҷанд гуфт, ин миқдор маблағро ҳангоми бозсозии Қалъаи Муғ ба шахсе додаанд, ки ба сохтмон рабт надошт. (видео)

- Ҳавои Душанберо "олуда" номиданд, мақомот розӣ нестанд. World’s Air Pollution, созмоне, ки вазъи олудагии ҳаворо дар шаҳрҳои ҷаҳон арзёбӣ мекунад, ҳавои Душанберо "олуда ва хатарнок" номидааст. Хулосаи созмон бар асоси нишондодҳои дастгоҳе ҳосил шудааст, ки дар сафорати Амрико дар Тоҷикистон ҷойгир аст. (видео)

- Дамирбек аз таъсири СОVID-19 ба зиндагии худу дигар овозхонҳои тоҷик гуфт. Дамирбек Олимов, овозхони тоҷик мегӯяд, соли 2020 бемор шуд ва шояд, СOVID-19-ро аз сар гузаронда бошад. Ӯ дар як мусоҳиба бо Радиои Озодӣ дар шаҳри Хуҷанд, дар бораи таъсири пандемия ба зиндагиаш гуфт ва ҳам дар бораи таронае, ки роҷеъ ба бемории СOVID-19 сурудааст. Ду суруд ҳам барои шумо хонд. (видео)

- Коргарони як ширкати машғули кор дар "Роғун" гуфтанд, ним сол боз маош нагирифтаанд. (видео)

- Радиои Озодӣ имсол чиро тағйир дод? Пандемия ё ҳамагирии коронавирус масири Радиои Озодиро дар соли пурталотуми 2020 то андозае дигар кард. Масъалаи саломатии инсонҳо ба ҷойи аввал баромад. (видео)

- Дилноза Каримова: “Маро насиҳати модари тоҷик ба саҳна баргардонд”. Дилноза Каримова, овозхони шинохта, ки ду сол пеш фарзанду модарашро аз даст дод, мегӯяд, ҳарчанд майли сарояндагӣ надошт, хоҳиши як модари тоҷик ӯро ба саҳна баргардонд. Дилноза аз сахтиҳову таваллуди фарзандаш дар аҳди коронавирус суҳбат кард. Худатон инҷо бубинед. (видео)

- Аз эътироз дар Хуросон то "лимит". Панҷ ҳодисаи сол дар Тоҷикистон. Соли паҳншавии коронавирус, ду интихобот дар Тоҷикистон, дармондани муҳоҷирон дар хориҷ аз кишвар, эътирози сокинони осебдидаи Хуросон ва бозгашти лимити барқ, аз рӯйдодҳое будаанд, ки дар хотираи корбарони Радиои Озодӣ дар соли 2020 нақш бастаанд. (видео)

- Ронандаҳои троллейбус дар Душанбе аз кам шудани маош шикоят карданд. Чанде аз ронандаҳои троллейбусҳои шаҳри Душанбе мегӯянд, дар давраи пандемияи COVID-19, ки нархҳо дар бозорҳо афзоиш ёфт, ба ҷои дастгирӣ баръакс маошашонро кам кардаанд. (видео)

- Духтар падарандарашро бо таҷовуз ба номусаш муттаҳам кард. Модараш бовар надорад. Дар Қирғизистон духтари 15-сола падарандарашро бо таҷовуз ба номусаш мутаҳҳам кард. Модараш бовар надорад. Ҳоло муфаттишон қазияро таҳти назорат гирифтаанд. (видео)

- Ду ҳамроҳи Асрориддин Розиқовро 6-солӣ аз озодӣ маҳрум кардаанд. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе ду нафарро бо гуноҳи "дастрас кардани кумак" ба хонаводаи аъзои зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ маҳкум кардааст. (видео)

- Нигина Мамадҷонова: "Набояд хушунат дар паси анъанаву шариат пинҳон монад". (видео)

- Вакилон талаб доранд, ки раҳбарон бо омодагӣ ба ҷаласаи Маҷлиси Намояндагон оянд. (видео)

- Афроди муттаҳам бо куштори ду хонуми ҷавон ҷазо гирифтанд. (видео)

- Низом Қосим бори дигар Раиси Иттифоқи нависандагон интихоб шуд. (видео)

- Тӯбҳои усто Ҷӯрабой Қурбонов ҳам харидоре хоҳанд ёфт? Як устои хатлонӣ ба тарзи ба истилоҳ "бобоӣ"-и истеҳсоли тӯб рӯй оварда, умедвор аст, ки заҳматаш қадрдонӣ мешавад. (видео)

- Дар Кӯлоб мавсими бузкашӣ оғоз ёфт. Дар Тоҷикистон пас аз чанд моҳи маҳдудият барои баргузор кардани маъракаҳои оммавӣ ба хотири ҷилавигирӣ аз паҳншавии коронавирус дубора бузкашӣ иҷозат дода шуд. (видео)

- “Барои мо соли хотирмон шуд, чун бемории COVID гирифтор шудем”. Соли 2020 чӣ гуна соле барои шумо буд? Бо ҳамин суол хабарнигори Радиои Озодӣ ба чанд раҳгузар дар Душанбе муроҷиат кард. Чанде гуфтанд, азизи худро аз коронавирус талаф доданд, чанде аз рузҳои хуб ва як нафар ҳам аз кори Кумитаи андоз гуфт. Чӣ гуфт? Худатон бубинед. (видео)

- Модари тоҷик озори ҷинсии писарашро ошкор кард. Падар ӯро талоқ дод. Сару садо атрофи озори ҷинсии як писари 12-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ ба пошхӯрии хонаводаи онҳо анҷом ёфт. Дар пайи ҳодисаи бадрафтории ҷавони 18-сола бо ин писари ноболиғ ва шикояти модари ӯ ба мақомот, падари хонавода модарашро талоқ додааст. (видео)

- Муҳоҷирони тоҷик кордиҳандаро ба пардохти қарзи маош маҷбур карданд. (видео)

- Иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2020 чӣ ҳол дошт? Ҳамагирии коронавирус пойбандии иқтисоди Тоҷикистонро аз пули муҳоҷирон нишон дод. Чун ба ҳамин нуқтаи заъфи он зарба зад. Пулгузаронии муҳоҷирон ба кишвар 14,8 дарсад коҳиш ёфт. (видео)

- Муҳоҷирон: 2020 соли хуб, бад, маъмулӣ ва соли "муш" буд. Дар "Озодӣ Онлайн" ин дафъа бо худи муҳоҷирони тоҷик ба як соли зиндагии онҳо нигоҳе андохтем. Дар ин барнома посухҳои чанде аз муҳоҷирони тоҷикро мебинем, ки гуфтанд, соли 2020 дар аҳди пандемия чӣ гуна соле барои онҳо буд. (видео)

- Гапи Озод: Дар Тоҷикистон адолати додгоҳӣ ҳаст ё не? Дар Тоҷикистон адолати додгоҳӣ ҳаст ё не? Меҳмонони барнома Ватан Абдураҳмонов, додраси собиқ ва Ҷамшед Ёров, вакили мудофеъ ҳастанд. (видео)

- Донишҷӯйи 75-сола мехоҳад ду касби нав омӯзад. (видео)

- Додситонии кулли Тоҷикистон Далер Шарифовро "барои ҷомеа хавфнок" номидааст. (видео)

- Собиқ раиси бонки муфлисшудаи"Тоҷпромбонк" аз озодӣ маҳрум шуд. Собиқ раиси бонки муфлисшудаи"Тоҷпромбонк" аз озодӣ маҳрум шуд. Вале муштариён аз ин ҳукм зиёд хушҳол нестанд, зеро сарнавишти пулашон маълум нест. (видео)

- Муҳоҷирони тоҷик кордиҳандаро ба пардохти қарзи маош маҷбур карданд. (видео)

- Пандемияи коронавирус азияти хонаводагии занонро бештар кард. Масъулони созмони занони "Гулрухсор" дар шаҳри Хуҷанд мегӯянд, сирояти коронавирус ва гӯшанишинӣ боиси афзудани муноқишаҳои оилавӣ ва муроҷиати бештари занон ба ин созмон гардид. (видео)

- Кӯдакони тоҷик дар замони пандемия чӣ ҳол доранд? Меҳрангези 11 сола, сокини ноҳияи Восеъ, панҷ моҳ пеш бо модару чаҳор бародару хоҳараш дар карантин буд. Онҳо дар ҳоле табобат мегирифтанд, ки маъмурони иҷрои қарори додгоҳи ин ноҳия аъзои хонаводаи онҳоро аз манзилашон берун карданд. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG