Ссылки доступа

Ҳамла ба бинои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Қирғизистон


Афроди номаълум 4 январ ба бинои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Қирғизистон дар шаҳри Бишкек рафта, аз раҳбари он Сагинбек Бозгумбоев хостаанд, то аз мақомаш истеъфо диҳад.

Раиси Иттифоқи касабаи сохтмончиёни Қирғизистон Элдиёр Карачалов ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, шахсони номаълум нисбат ба раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи он кишвар аз нерӯ кор гирифтанд. Дар натиҷа муҳофизони федератсия ва кормандони пулис маҷбур шудаанд, ба қазия дахолат кунанд.

"Ба мо гуфтанд, ки ҷоямонро холӣ ва биноро тарк кунем. Кор то ба занозанӣ расид. Ҳоло мо дар беморхона ҳастем. Аз ташхис мегузарем", - изҳор дошт Карачалов.

Ба гуфтаи ӯ, дар пушти ҳамлагарон ҷонибдорони раҳбари дигари Федератсияи иттифоқҳои касабаи Қирғизистон Мирбек Асанакунов истодаанд. Вале ҷонибдорони Асанакунов инро рад карданд.

Дар шаҳри Бишкек 25 декабр ҳамзамон ду ҷаласаи алоҳидаи аъзои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Қирғизистон баргузор ва ду раҳбар интихоб карда шуд. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки кадоме аз ин ду нафар раҳбари қонунии федератсия мебошад.

XS
SM
MD
LG