Ссылки доступа

Миёни Душанбе ва Тошканд парвозҳои чартери сурат мегиранд


Узбекистон баъди як муддати танаффус аз оғози парвозҳои чартерӣ миёни Душанбе ва Тошканд хабар дод. Ширкати ҳавоии "Узбекистон ҳаво йуллари" бо нашри ин хабар гуфтааст, нахустин парвоз 5 январи соли 2021 дар назар аст.

Парвозҳо миёни Тоҷикистону Узбекистон ҳанӯз нимаи марти соли гузашта қатъ шуда буданд. Феълан тибқи қарори мақомоти Узбекистон, шаҳрвандоне, ки марзи ин кишварро убур мекунанд, бояд аз санҷиш гузаранд, ки аз ҳисоби худи мусофир анҷом дода мешавад.

Дар мавриди оғози парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Узбекистон ҳанӯз иттилои расмие нашр нашудааст.

XS
SM
MD
LG