Ссылки доступа

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то миёнаҳои соли 2021 коронавирус "намемонад"


Страна, победившая коронавирус? Репортаж из Таджикистана
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:17 0:00

Страна, победившая коронавирус? Репортаж из Таджикистана

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, аз аввали соли 2021 ҳамагӣ чор кас дар кишвар ба коронавирус мубталошуда, дар беморхонаҳо ин навъи беморон намондааст.

Ба огаҳии вазорат, дар ҳоли ҳозир дар кишвар ҳамагӣ ҳудуди 200 мубталои коронавирус мавҷуд аст, ки дар хона табобат мегиранд. Вале ба ин омори расмӣ на ҳама бовар доранд.

Дар шаҳри Душанбе тақрибан ҳамаи сокинон ниқоби муҳофизатии тиббӣ доранд. Аммо на ҳамаашон онро мепӯшанд. Сокинон ниқобҳоро танҳо барои ворид шудан ба нақлиёти ҷамъиятӣ, фурӯшгоҳ ва бинои муассисаву корхонаҳои давлатӣ дар ҷайбашон мегардонанд.

"Марзҳо бастаанд ва касе ба кишвари мо намеояд. Бинобар ин, беморӣ низ аз байн рафт", - мегӯяд яке аз сокинон дар шарҳи изҳороти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар.

"Вазъ барои он хуб аст, ки мардуми мо ҳамаи қоидаҳои бехатариро риоя карданд", - мегӯяд ҳамсуҳбати дигари мо.

Дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз шеваи ниқобпӯшии сокинон розӣ нестанд. "Дирӯз мо чор ҳолати мубталошавӣ ба коронавирусро эълом кардем. Ду нафари онҳо аз хориҷ баргашта буданд", - гуфт сардори Раёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Наврӯз Ҷаффаров.

Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, то миёнаҳои соли 2021 коронавирусро пурра шикаст хоҳанд дод. Маҳз он замон бояд ваксингузаронӣ дар кишвар оғоз шавад. Дар ҳоли ҳозир мақомоти тоҷик барои хариди ваксина шитоб надоранд ва мунтазири ба поён расидани ҳамаи марҳалаҳои озмоишҳо ҳастанд.

Блогери тоҷик Рустам Гулов мегӯяд, ба изҳороти мақомоти кишвар чандон бовар надорад. Ӯ гуфт, мақомот мавҷуд будани коронавирус дар кишварро то омадани намояндгони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эътироф накарданд ва омори расмии мубталоёни онро назар ба омори ғайрирасмӣ чанд баробар камтар нишон доданд.

Ба иттилои расмӣ аз охири моҳи апрели 2020 то 2-уми январи имсол 13300 нафар ба бемории ҳамагир мубтало шуда, 90 кас ҷони худро аз даст додаанд. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, 1239 нафар шифо ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG