Ссылки доступа

Дар Узбекистон як рақами "зебо"-ро қариб $60 ҳазор фурӯхтанд


Дар вилояти Самарқанди Узбекистон рақами 30 Z 777 ZZ қайди давлатии автомобилро ба қимати 57 ҳазор доллари ИМА фурӯхтанд.

Ба ҷуз ин, соҳиби рақами "зебо" бояд пардохтҳои ҳатмии давлатиро дар ҳаҷми 2800 доллар пардозад.

Ин рақам рӯзи 14 декабр бо қимати ибтидоии наздики 11 ҳазор доллар дар музоядаи онлайнӣ гузошта шуда буд.

Бино ба иттилои мақомоти биржаи Узбекистон, соли гузашта қиматтарин рақами қайди давлатии автомобилҳо наздики 20 ҳазор долларро ташкил дода буд.

Расонаҳо хабар медиҳанд, ки дар соли 2020 дар Узбекистон бештар аз 106 ҳазор рақами қайди давлатӣ бо қимати бештар аз 25 миллион доллар фурӯхта шудааст.

XS
SM
MD
LG