Ссылки доступа

Русия ва Қазоқистон ба афзоиши истихроҷи нафт талош доранд


Русия ва Қазоқистон талош доранд, ки дар мулоқоти навбатии аъзои ОПЕК + ҳаҷми истихроҷи нафтро боло баранд.

ОПЕК ва кишварҳои дигари истихроҷкунандаи нафт, аз ҷумла Русия дар мулоқоти моҳи декабри соли гузашта қарор карданд, ки эҳтимол аст, дар соли нав талабот ба нафт афзоиш ёбад ва бинобар ин, ҳаҷми истихроҷи рӯзонаи нафтро то ба 500 ҳазор бушка боло бурданд.

Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки аз ин ба баъд барои баррасии вазъ ҳар моҳ ҷаласаи аъзои кишварҳои узви ОПЕК+ баргузор шавад.

Русия ва Қазоқистон дар мулоқоти 4 январ даъват карданд, ки ҳаҷми истихроҷи нафт дар моҳи феврали имсол боло бурда шавад. Вале бино ба иттилои Хабаргузории Reuters, Ироқ, Нигерия ва АМА пешниҳод карданд, ҳаҷми истихроҷ дар як сатҳи устувор нигаҳ дошт шавад.

Вазири энержии Арабистони Саудӣ шоҳзода Абдулазиз ибни Салмон гуфт, гуруҳи ОПЕК+ бояд дар робита ба зиёд кардани ҳаҷми истихроҷи рӯзонаи нафт аз эҳтиёт кор бигирад. Зеро ба гуфтаи ӯ, намуди нави коронавирус пешгӯи нашаванда аст.

Риёз ба истилоҳ, раҳбари ОПЕК аст ва ихтилофи назари он бо Русия дар моҳи марти соли гузашта боиси поин рафтани нархи нафт ба сатҳи рекордӣ шуда буд. Ҷонибҳо танҳо дар моҳи апрел ба созиш расиданд, ки ҳаҷми рӯзонаи истихроҷро то ба 9,7 миллион бушка кам кунанд.

XS
SM
MD
LG