Ссылки доступа

Узбекистон дар ҷануби Тоҷикистон барои гирифторони COVID-19 бемористон месозад


Узбекистон дар канори маркази тиббие, ки дар ноҳияи Қубодиён бунёд мекунад, як бемористони дигар барои гирифторони вабои коронавирус месозад.

Ин бемористонро шикарти "Узбекнафтугаз" муҷаҳҳаз мекунад. Дар ин бора расонаҳо бо такя ба манобеи худ дар ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ медиҳанд.

Дар бемористони муваққат тавассути дастгоҳҳои муосир ташхис гузаронида мешавад. Дар сурати мусбат баромадани натиҷаҳои ташхиси беморон, онҳо барои муолиҷа ба беморхонаҳои дигар ирсол мегарданд.

Сохтмони маркази тиббӣ дар ноҳияи Қубодиён аз сӯи Узбекистон дар соли 2018 шуруъ шуд. Қарор аст, ин марказ баҳори соли ҷорӣ ба истифода дода шавад.

Сохтмони марказ яке аз тарҳҳоест, ки зимни сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар баҳори 2018 имзо шуда буд.

XS
SM
MD
LG