Ссылки доступа

Духтаре "шаби аввал"-и худро ба фурӯш гузоштааст. Масъалаи иқтисодӣ ё ахлоқӣ?


Як духтари 23-солаи тоҷик аз шаҳри Душанбе бакорати худро дар музоядаи байналмилалии онлайн бо нархи 10 ҳазор доллар ба фурӯш гузоштааст.

Cомонаи "Шаби аввал" ауксион ва ё майдони музоядаҳои онлайнии фурӯши бакорат аст. Дар ин пойгоҳ садҳо духтари бокира аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон "ҳуқуқи шаби аввал"-ро ба фурӯш мегузоранд.

Ин пойгоҳ ахиран эълони як духтари тоҷикро ба нашр расонд, ки гуфтааст, мехоҳад бакораташро фурӯшад. Дар шарҳи эълони ӯ навиштаанд, "мехоҳам марди сарватмандеро пайдо кунам ва дар оянда зани хубе барои ӯ шавам. Ман духтари гапдаро, меҳрубон ва хуб ҳастам."

Духтар миллати худро тоҷик ва аз шаҳри Душанбе муаррифӣ карда, навиштааст 23-сола аст. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар пойгоҳи "Шаби аввал" бо духтар мукотибаи кӯтоҳ дошт.

Ӯ дар мукотибаи кӯтоҳ гуфт, оилаашон дар вазъи душвори молиявӣ асту қарздоранд ва "аз ин роҳ мехоҳам оилаамонро аз қарз раҳо кунам".

Аммо мусоҳиби мо ба суолҳои баъдӣ посух нагуфт ва навишт, танҳо бо муштариёни ҷиддӣ "сари кор хоҳад гирифт", ки омодаанд 10 ҳазор доллар ва харҷи сафари ӯро ба шаҳри Дубай ва ё Туркия бидиҳанд.

Гуфт, барои гузаштан аз ташхисҳои тиббӣ, ки бакорати ӯро собит кунад, ҳозир аст, аммо ба шарте ки муштарӣ, харҷҳои ин гуна ташхисро низ пардозад.

Аз миёни кишварҳои Осиёи Миёна танҳо аз Тоҷикистон ва Туркманистон якнафарӣ ба чунин мазмун эълон додаанд. Шумори духтарон дар ин пойгоҳ аз Узбекистону Қирғизистон ва Қазоқистон ба маротиб бештар аст. Дар миёни кишварҳои Осиё аз ҳама бештар аз Эрон духтарон дар ин пойгоҳ эълон гузошта, хостори домодҳои хориҷӣ шудаанд, ки ҳозиранд бар ивази "шаби аввал" ба онҳо пул диҳанд.

Нархи бакорат дар ин музояда вобаста ба синну сол аз 3 ҳазор то 1 миллион доллар нархгузорӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, сомонаи "Шаби аввал", ки бунёдгузораш ширкате дар ҷазираҳои Маршал зикр шудааст, менависад, дар ин додуситад ҳеч масъулият бар дӯш надорад. Ҳам духтарони бокира ва ҳам мардони сарватманди харидор довталабона, яъне бо хоҳиши худ маълумоти хешро дар пойгоҳ ворид мекунанд ва дар сурати зарурат метавонанд, онро пок кунанд.

Ба гуфтаи намояндагони пойгоҳ, ҳама гуна муколамаву аҳду шарт миёни "фурӯшанда ва харидор" сурат мегирад ва сомона дар ин миён масъулият надорад. Маъмурони сомона танҳо бо хоҳиши бонувон аксҳои фиристодаи онҳоро дурустсанҷӣ мекунад ва дар гӯшаи аксҳои санҷида шуда, тамға мегузораед, то харидорон ба ҳақиқӣ будан суратҳо бовар ҳосил кунанд.

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ба мавзӯи бокирагии духтарон ҷиддӣ бархӯрд мешавад. Мардум муносибатҳои маҳрамонаи пеш аз арӯсиро қабул надоранд ва дар сурати ифшои ба истилоҳ "нодухтарӣ" арӯсро аз хонаи шавҳар ва ҳатто волидон берун мекунанд.

Барои пешгирӣ аз чунин пешомади нохушоянд, духтарон дар Тоҷикистон пеш аз арӯсӣ аз ташхиси тиббӣ мегузаранд, то бокира будани худро исбот кунанд. Аммо мудофеони ҳуқуқи башар онро дар ҳаққи духтарон таҳқир меҳисобанд ва борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки ин талаботро бекор кунад.

XS
SM
MD
LG